ПЕШВОЗИ ЧЕМПИОНИ ҶАҲОН ОИД БА САМБО ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 02.11.2024, 08:28:45     83


Санаи 28.10.2024 муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамо, муовинони ректор, устодону донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар назди муҷассамаи Модар чемпиони ҷаҳон аз руи намуди гуштини самбо миёни собиқадорон Маҳмадалиев Холмирзо бо гулу гулдаста дар фазои тантанавӣ пешвоз гирифтанд.

Масъулин  зимни пазироӣ Маҳмадалиев Холмирзоро барои ба даст овардани ин музаффарияти варзишӣ табрику муборакбод гуфтанд.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Чемпионати Ҷаҳон оид ба самбо миёни устодону собиқадорон аз санаи 23.10.2024 то 28.10.2024 доир гардид.

Дар чемпионати мазкур варзишгарон аз 13 давлати дунё ва зиёда аз 200 нафар варзишгар иштирок намуда  қувваозмои намуданд.

Маҳмадалиев Холмирзо омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар чемпионати мазкур дар вазни мутлақ қувваозмои намуда сазовори ҷойи сеюм гардида бо диплом ва медали биринҷии чемпионат сарфароз гардонида шуд.

2_11

3_14

4_15a