ХОНИШИ СИЁСӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

 22.10.2024, 15:12:22     112


Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза»  хониши сиёсӣ дар байни донишҷӯёни факултети муҳандисӣ - энергетикӣ санаи 19.10.2024 соати 10:00 баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ  сардори шуъбаи махсус, таъминоти ҳуқуқӣ ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастӣ Гулов Ҳасан, муовини декан оид ба тарбия Раҷабов Алиҷон  иштирок  ва суханрони намуданд.

Дар хониши сиёсӣ мавзуҳои зерин: Ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, одобу ахлоқ, вазъи сиёсии ҷаҳон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, шиносоии донишҷӯён бо рӯйхат ва сомонаҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва терорристӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, шиносоии донишҷӯён бо симои хоинони миллат ҷиҳати худори намудан аз баромадҳо ва суханрониҳои онҳо дар шабакаҳои интернетӣ, равияи салафия, ҳамкориҳои судманд бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҷинояткориҳо, терроризм ва экстремизм хатарҳои он, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, ва дигар мавзӯҳои доғи рӯз мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

гугл

гул

угл