САҲМИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР БУЗУРГДОШТ ВА РУШДИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, ОМӮЗГОР ЧАРОҒИ МАЪРИФАТ

 10.10.2024, 11:42:05     98


 Зери ин унвон санаи  04 - октябри соли равон дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур  роҳбарият, олимону омӯзгорон иштирок намуданд.

Ҳамчун рамзи эътиром ба муқаддасотҳои  миллӣ бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшида шуд.

Ноиби ректор оид  таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т. Қурбонзода Бобохон чорабиниро оғоз бахшида   ҳозиринро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҳафтаи омӯзгорон шодбош гуфтанд.

Тиқи барномаи чорабини устодону омӯзгорон Исоев Собир, Иброҳимов Гурез, Шоинов Ҳасан, Боронова Рухшона, Назарова Рухшона, Сабурова Илолбӣ  ва донишҷӯён дар ҳошияи гиромидошти забони тоҷикӣ ва қадру манзалатӣ омӯзгор баромад намуданд.

 Гуфта шуд, ки аз замони ба даст овардани истиқлолият забони тоҷикӣ ба сифати забони давлатӣ дар умури сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ мақому мартаба пайдо карда, дар соҳаҳои коргузориву эҷоди қонунҳо, илму маориф, фарҳанг ва робитаҳои дохиливу хориҷии кишвар ба таври густурда мавриди истифода қарор дода шудаст.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз дар масоили забони давлатӣ ва таъмини мақоми он дар муносибатҳои сиёсию иҷтимоӣ пайваста тадбирҳо андешида, ҳифз ва рушди онро аз вазифаҳои муқаддаси худ медонанд.

Дар даврони соҳибистиқлоли ватани азизамон бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Маҳз дар ин давраи таърихии давлатдории навин забони миллӣ ҳамчун неру ва омили муҳими иттиҳоди миллату халқиятҳои сокини ҷумҳурӣ пазируфта ва шинохта шуд. Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ аввалин қадаме, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди забони тоҷикӣ гузошт, дар Конститутсияи кишвар ҷойгир намудани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ буд.

Инчунин дар идомаи чорабини донишҷӯён  забони тоҷикӣ ва омӯзгоро тариқи порчаҳои шеърӣ васфу ситоиш намуданд.

Дар фарҷоми чорабини барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

22

33

44