Конференсияи ҷумҳуриявӣ
Рӯзҳои 25-26-уми ноябри соли 2016 конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Идоракунии инноватсияҳо: назария, методология ва амалия» баргузор гардид ва он ба 25–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд.
Кумитаи тадорукот иборат аз 15 нафар таъсис дода шуда буд ва ба он намояндагони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, сохторҳои марбутаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва донишкадаи он дар шаҳри Кӯлоб шомил гардиданд.
Ба конференсияи ҷумҳуриявӣ маърӯзаҳои олимони муассисаҳои олии таълимӣ ва Пажуҳишгоҳҳои илмии ҷумҳуриявӣ иборат аз 106 мақолаи илмӣ, ки зиёда аз 30 мақолаи илмӣ аз Донишгоҳҳои Федератсияи Россия, ки бо Донишкада шартномаҳои ҳамкори судманд доранд пешниҳод гардиданд.
Тибқи барномаи конференсия рӯзи 25.11.2016 ҷаласаи умумӣ (пленарӣ) баргузор гардид ва дар он 5 маърӯзаи илмӣ муҳокима шуд. Мувофиқи Барнома маърӯзаҳои иштирокчиёни конференсия дар 4 бахш шунида ва муҳокима гардиданд.
БАХШҲОИ КОНФЕРЕНСИЯ
- Ҷанбаҳои педагогии тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисон барои фаъолияти илмӣ – техникии инноватсионӣ;
- Моҳияти раванди инноватсионӣ дар рушди иқтисодии кишварҳо;
- Нақши инноватсия дар рушди техника ва технологияҳо;
- Фанҳои илмӣ – табиӣ ва технологияҳои иттилоотӣ асоси рушди фаъолияти инноватсионӣ.
Дар ҷараёни омодагиҳо барои ташкил ва гузаронидани конференсияи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби донишҷӯён модели рушди инноватсионии шаҳру ноҳияҳои минтақаи вилояти Хатлон пешниҳод гардид. Лоиҳаҳои инноватсионӣ ҳам дар шакли электронӣ ва ҳам дар шакли баннерҳо муаррифӣ гардиданд. Шиору овезаҳои рушди маҳалҳо ва модели рушди инноватсионии шаҳру ноҳия ва минтақаҳои вилояти Хатлон дар саҳни донишкада овезон карда шуданд, ки дар он маълумоти муфассал оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва пешниҳоди лоиҳавӣ дарҷ ёфтааст.
Мавриди зикр аст, ки иҷрои бандҳои «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 - 2020» дар Донишкада пайваста таҳти назорати ҷиддии раёсати ДТМИК қарор дода шуда истодааст. Шиору овезаҳои рушди маҳалҳо ва модели рушди инноватсионии шаҳру ноҳия ва минтақаҳои вилояти Хатлон дар саҳни донишкада овезон карда шуд, ки дар он маълумоти муфассал оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва пешниҳоди лоиҳавӣ дарҷ гардидааст.