БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХИВУ КИШВАРШИНОСИ 2700 - СОЛАГИИ КӮЛОБ

 03.10.2024, 12:01:23     75


Гуфтан ба маврид аст, ки мавҷудияти мероси бойи таърихию фарҳангии Тоҷикистон, табиати нодири он бо кӯлҳо, ҳайвоноту растаниҳои нодир, инчунин кӯҳҳои баланд омили асосии рушди сайёҳии кишвар эътироф шуда аст.

Бо мақсади огаҳи ёфтани донишҷӯён аз таъриху фарҳанги пурғановати 2700  солаи шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси омӯзгори кафедраи иқтисодиёт ва идораи донишкада  Шарипов Р.М. донишҷӯёни ихтисоси 1-890101 аз Осорхонаи таърихиву кишваршиносии 2700 солагии Кӯлоб боздид намуданд.

Дар даромадгоҳи осорхона кормандон бо як самимият донишҷӯёнро қабул намуда аз ҳама бахшҳои осорхона онҳоро шинос ва дар бораи ёдгориҳои таърихии мавҷуд буда маълумотҳои саҳеҳу возеҳ гуфта гузаштанд.

Баъд аз анҷоми боздиди осорхона устод Шарипов Рустам ва донишҷӯён  ба роҳбарият ва кормандони осорхона барои хизматрасони сатҳи баланд изҳору сипосу минатдори баён намуданд.

3222

4444444