ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - АДАБИИ ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ МАВЛОНО ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ

 03.10.2024, 11:46:10     93


«Шахсияти Мавлоно боиси ифтихор ва сарфарозии мо - тоҷикон ва тамоми башарият аст. Ӯ аслан зодаи Вахшонзамини имрӯза буда, бо қудрати сухан ва нубуғи эҷодиаш ба ҷаҳониён собит сохта аст, ки тоҷикон воқеан миллати куҳанбунёд, бофарҳанг ва соҳибмаърифатанд ва дар эҷоди осори адабиву илмӣ ва фалсафию ирфонӣ дасти тавоно доранд»

                          ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Ҳамасола дар саросари кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлоламон 30 -  сентябр Рӯзи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ҷашн гирифта мешаванд. Ба ин муносибат дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  санаи 28 сентябри соли равон (28.09.2024)чорабинии илмӣ - адабии фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техкникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш, шоир, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Салими Хатлонӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ доктори илмҳои ҳуқушиносӣ Раҳмон Дилшод Сафарбек, директори генералии Муассисаи давлатии «Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои шаҳри Кӯлоб» доктори илмҳои филологӣ Асозода Ҳотам иштирок намуданд.

Кори чорабинро  ректори донишкада доктори илмҳои техкникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида меҳмонро ба аҳли толор шинос намуда ба меҳмони чорабини барои пазируфтани даъват ва иштирок дар чорабини аз номи роҳбарият ва ҳайати коллективи омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд. Ректори донишкада зимни баромади хеш қайд доштанд, ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, бемуҳобот, аз абармардони фарҳанги тамоми форсизабонону ориёнажодони ҷаҳон ва ҳамтабору ҳамқатори сазовори нобиғагони шеърӣ волои форсии дарии тоҷикӣ буда, ба ҳайси бузургтарин суханвари адабиёти деринасоли мардумамон дар радифи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалии Сино, Умари Хаём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдӣ Шерозӣ, Сайидои Насафӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Иқболи Лоҳурӣ шуҳрати фарҳангу адаби моро беназиру оламгир гардонидааст.

Зимни суханронии баромадкунандагон гуфта шуд, ки Мавлоно яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик, ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо - форсизабонон саҳми бузурге дорад. Нигоштаҳои килки сеҳрангези адиби мутафаккир дар «Девони Шамс», «Маснавии Маънавӣ», «Маҷолиси саъба», «Фиҳӣ мо фиҳӣ», «Рубоиёт» ва мактуботи ӯ фароҳам омадаанд. Пойгоҳи суханвар дар олами шеъру шоирӣ ончунон баланд аст, ки гурӯҳе вайро бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷик номидаанд.

Баъд аз суханронии  баромадкунандагон маросими қадрдони сурат гирифт, ки Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон Хайриддин Хайрандеш, Шоир, узви иттифоқи нависандагосни Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Салими Хатлонӣ бо «Меҳрнома», омӯзгороне ки дар тарбия ва баркамол расонидани мутахасисони бозори озоди меҳнат саҳми арзанда гузоштаанд бо унвони ифтихории «Беҳтарин устоди меҳровар», ғолибони озмунҳои донишкадавии «Мавлонохони беҳтарин», «Беҳтарин хонандаи осори Пешвои миллат» бо ифтихорнома ва мукофоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар идомаи чорабини аз тарафи бахши фарҳанги донишкада барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз эҷодиёти Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва шоирони дар чорабини ҳузурдошта омода гардида буд пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

4_12

2_9

3_12