ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ - МЕТОДИИ КАФЕДРАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ

 27.09.2024, 08:41:57     70


Тибқи нақшаи семинари илми-методии кафедраи молия ва иқтисоди рақамӣ дар таърихи 26.09.2024  семинар баргузор гардид.

Дар семинари мазкур сардори маркази татбиқи лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ- н.и.и. Валимуҳамадхон Валдош, декани факултети Иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и. Асоев Б., декани факултет муштараки тоҷикӣ - росиягӣ ва технологиҳои дурнамои илмиасос н.и.и. Сафаров Зулфиқор ва аъзоёни кафедра иштирок намуданд.

Кори семинарро и.в. мудири кафедра Акимов Саидҷон оғоз бахшида ҳозиринро ба рафти семинар шинос намуд.

Сипас муаллими калони кафедра Ҳисайнов Наврӯз дар мавзуи: «Такмилу таҷдиди базаи моддию техникии кишоварзӣ (дар маводи хоҷагиҳо ва корхонаҳои кишоварзии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон)» баромад намуд.

Баъд аз барасии мавзуи мазкур иштирокчиён дар ҳошияи мавзуи барасишуда ибрози назар карданд.

66

77_1