ВОХӮРИИ РЕКТОР БО ДОНИШҶӮДУХТАРОНИ ДОНИШКАДА

 27.09.2024, 08:34:19     32


Санаи 19 сентябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи донишкада вохӯри бо донишҷӯдухтарон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п.Холматова Мумина Маҳмадовна, роҳбари бахши занон ва донишҷӯдухтарон Мурторзода Садафмо иштирок намуданд.

Дар вохӯрии мазкур мавзуҳои зерин мавриди бараси қарор дода шуданд:

- дастгириҳои ҳамешагии ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар;

- риояи сару либоси тавсиявӣ;

- риояи одобу муошират ва қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада;

- ҷалби васеъи донишҷӯдухтарон ба касбомузӣ;

- иштироки нокифояи донишҷӯдухтарон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ;

- мунтаззам боздид намудан аз донишҷӯдухтарони дар хобгоҳ истиқоматдошта;

- ҷалби васеъи донишҷӯдухтарон ба чорабиниҳои дорои характери сиёсӣ тарбиявидошта.

2_8

3_11

4_11