Оғози лоиҳаи Рушди хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд (DECIDE) дар чаҳорчӯбаи барномаи Эразмус +

 19.02.2018, 15:04:22     54


Роҳбарияти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи лоиҳаи «Рушди хизматрасонӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд» (DECIDE) моҳи январи соли 2019 татбиқи нуқтаҳои асосии лоиҳаро оғоз кард.

Барои иҷрои ин лоиҳа донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони дигари Донишкада ҷалб карда шудаанд. Тавре аён гардид, 15 нафар донишҷӯён ва 4 омӯзгорони донишкада шахсони имконияташон маҳдуд ҳастанд ва борҳо мизҳои мудаввар ва чорабиниҳо баргузор карда шудаанд. Азбаски дар донишкадаи мо факултаи таҳсили фосилавӣ фаъолият дорад ва дар ин факулта зиёда аз 6 донишҷӯ таҳсил мекунанд, ки яке аз онҳо зинаи бакалавр ва магистрро хатм кардааст.

Дар доираи оғози лоиҳа, ки дар шаҳри Алмаато баргузор шуд ва ҳамоҳангсози лоиҳа дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, Нозимов Ҳабибулло Абдуллоевич аз 10 то 12 феврали соли 2019 ширкат варзид. Бо мақсади шиносоӣ ва гузаронидани натиҷаҳои маҷлиси аввал Нозимов Ҳ. А. дар якҷоягӣ бо дигар иштирокчиёни лоиҳа, ҳуҷҷатҳои дахлдор ва ҷузвдонҳои кориро дар бораи ҳисоботҳои иҷрошуда ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои молиявӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои корӣ таҳия намуд.