ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ТАҲТИ УНВОНИ «ӋОВИДОН БОД, ҶАВОНӢ ВА ҶАВОНОН» ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 26.05.2024, 18:26:39     110


«Ӌавонон бояд хуб дарк намояд, ки тақдири ояндаи халқу давлат ба дӯши онҳо гузошта шудааст. Ӽифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда ба мерос гузоштани Ватани ободу рушдёбанда масъулияти бузург дорад ва ҳар фарди ҷавонро вазифадор менамояд, ки ҳамеша ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстӣ кӯшишу талош намояд».

                                             ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Дар ҳошияи таҷлил аз Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Ӌовидон бод, ҷавонӣ ва ҷавонон» бо иштироки роҳбарият, намоядаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, устодону донишҷӯён баргузор гардид.

Чорбинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ва суханронии ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида шуд. Ректори донишкада муҳтарам Шоҳиён А.Н. ҳозиринро ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта саолматӣ дар ҷодаи илм ва зиндагӣ мувафақият таманно намуд. Инчунин зимни баромади хеш аз дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати сиёсати давлатии ҷавонон ва мувафақияту комёбии ҷавонони кишвар дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва мувафақияту комёбиҳои ҷавонони донишкада ёдовар гардида гуфта шуд, ки дар ҳақиқат фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи ҳассоси таърихӣ миллатро аз фаношавӣ ва давлатро аз парокандагӣ раҳо намуда, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор, низоми давлатдории  муосири халқро асос гузошта тоҷиконро ҳамчун миллати дорои Ватан, забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Дар идомаи чорабини муовини раиси КИҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фируз баромад намуда табрикоти роҳбарияти КИҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба ҳозирин расонида аз мактаби ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  ёдовар гардида қайд доштанд, ки мо ҷавонони саодатманди тоҷик, зодагони даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон аз муҳаббату самимияти беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста баҳравар буда, пайравии ҳамешагии ин шахсияти беназир дар роҳи созандагиву бунёдкории ватани биҳишосоямон Тоҷикистони азиз  то абад боқӣ мемонем.

Дар рафти чорабини ғолибони озмунҳои донишкадавии «Тараннуми Ватан», «Беҳтарин донандаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Беҳтарин донандаи забони тоҷикӣ», «Беҳтарин донандаи забони русӣ», «Беҳтарин донандаи забони англисӣ», курси омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат»,   «Беҳтарин донандаи фанни химия», «Беҳтарин донандаи фанни биология», «Беҳтарин донандаи фанни математика», «Беҳтарин донандаи фанни физика»,  "Футболи хурд", ғолибони олипиадаҳои ҷумҳуриявӣ, устодоне, ки дар тарбияи ҷавонон саҳми муносиб гузоштаанд бо ифтихорнома ва медалҳо ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Баъд аз қадрдонии ғолибони озмунҳо барномаи фарҳангӣ пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд ва хотирмон таҷлил карда шуд.

неее

герпаа

аппрр