ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БА МУНОСИБАТИ 79 СОЛАГИИ РӮЗИ ҒАЛАБА

 09.05.2024, 20:50:29     378


Тибқи нақша чорабиниҳои донишкада санаи 8 – майи соли равон дар толори китобхонаи илмии донишкада чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т Курбонзода Бобохон, муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. Исоев Собир, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова М.М. ҷанговарони башардӯст, устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини ректор оид ба ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т Курбонзода Бобохон оғоз бахшида ҳозиринро ба 79 – солагии Рӯзи Ғалаба табрик гуфта аз таърихи Ӌанги Бузурги Ватанӣ ёдовар гардиданд. Инчунин  муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. Исоев Собир, муовини ректор оид ба тарбия н.и.п. Холматова М.М. дар ҳошияи чорабинии имрӯза андешаҳои хешро баён намуда дар ҳошияи ҳимояи марзу буми Ватан, хизмати содиқона ба ватану модар даъват намуданд.  Тибқи барнома Саидов Абдулло ҷанговари башардӯст, омӯзгор Мирзо Бегматов, Роҳбари ТӋӋ «Созандагони Ватан» дар донишкада Зоирзода Фахриддин, омӯзгор Раҷабов Санг дар мавзуҳои саҳми Ӌумҳурии Тоҷикистон дар Ӌанги Бузурги Ватанӣ ва қаҳрамонию далерии гузаштагон суханрони намуда зимни баромади баромадкунандагон гуфта шуд, ки  ғалаба бар фашизм ҷашни муқаддас буда, инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад.

Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем. Халқи мо дар баробари даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро низ бо чашми худ дида, азобу маҳрумиятҳои зиёдро паси сар намуд. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшишу талош намоянд.

Дар фарҷом ҷаговарони башардӯст ва барқароркунандаи сохти конститутсионӣ бо мукофотҳои молӣ аз тарафи кумиттаи иттифоқи касабаи кормандони донишкада қадрдонӣ карда шуданд.

5

4_10

6_5