ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ БО ВАЗИРИ ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАРИПОВ КОНГРАТБАЙ АВАЗИМБЕТОВИЧ

 09.05.2024, 20:37:01     220


Лозим ба ёдоварист, ки дар Ҷумҳурии Узбекистон I -  умин Форуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилотҳои таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо», аз 6 то 8 май  идома дорад. Дар форуми мазкур ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот, муовини ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ н.и.т. Ҳакимов Искандар иштирок доранд.

Дар доираи сафари кории хеш санаи 7 - майи соли ҷори ректори донишкада Шоҳиён Алмосшо Набот бо вазири таҳсилоти олӣ  илм ва  инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон Шарипов Конгратбай Авазибетович вохӯрии судманд анҷом доданд.

Зимни вохӯрии судманд ва тарафайн  ҷонибҳо қайд намуданд, ки дар дарозои таърих тоҷикон ва ӯзбекон дар бисёр лаҳзаҳои ғаму шодӣ, барору нобаробарӣ, нокомию пирузиҳо бо ҳам буданд ва дар ҳама ҳолат дустию бародариро пос дошта якдигарро эҳтиром менамоянд.

Ҳамин муносибат бо шарофати шахсиятҳои барҷаста ва хизматҳои роҳбарони ду давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бозҳам устувор шуда дӯстию рафоқат, эҳтирому муҳаббат ба дараҷае самимӣ гардид, ки аз ин ҳусни тафоҳум ва муоширати бузург имрӯз ба некӣ ёдовар мешавем.

Инчунин зимни вохӯри масъалаи рафти амалишавии шартномаҳо, ҳамкориҳои судманд ва самарабахши донишкадаро бо таълимгоҳҳои олии касбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон  мавриди  барраси қарор дода паҳлуҳои минбаъдаи   ҳамкориҳоро ба хусус ба  масъалаи амали намудани барномаҳои таълимии шабакавӣ ҷиҳати ба таври муштарак таёр намуда мутахассисон аз руи нақшаи 1+3, 2+2, 3+1барои ихтисосҳои зарурӣ бо донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ба номи И. Каримов, ки бо дастгирии бевоситаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати  таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Узбекистон амалӣ мегардад пешниҳод намуданд. Ин пешниҳод бо қаноатмандӣ қабул карда шуд.