ИШТИРОКИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ ДАР I - УМИН ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ РЕКТОРОНИ ҶАҲОН ВА БАИМЗО РАСОНИДАНИ ЯК ҚАТОР ШАРТНОМАҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ

 07.05.2024, 10:04:12     74


Дар асоси мактуби расмии Донишгоҳи фанҳои амалии Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон аз 29.04.2024 №582  ректори  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот муовини ректор оид ба инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ н.и.т. Ҳакимов Искандар дар I -  умин Форуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилотҳои таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо», ки рӯзҳои 6 - 8 май дар шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон доир гашта истодааст   иштирок намуданд.

Дар рафти баргузории I -  умин Форуми байналмилалии ректорони ҷаҳон ва конференсияи байналмилалии «Мушкилотҳои таҷрибавӣ ва ҳалли онҳо» ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот як қатор шартномаҳои нави ҳамкориро бо Муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Узбекистон ва хориҷи кишвар  аз ҷумла Германия, Латвия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Эстония, Эрон ба имзо расониданд.

Зимни амалисозии созишномаҳои тарафайн масъалаҳои марбут ба самтҳои омода намудани мутахассисони баланд ихтисос дар самти сохтмон, энергетика, зеҳни сунъӣ, иқтисодиёти рақамӣ, ҳамкориҳои нави байналмилалӣ, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддат, омӯзиши таҷрибаи пешқадами таълимӣ, таҳияи барномаҳои муштарак, табодули устодону донишҷӯён ва анҷом додани корҳои илмӣ таҳқиқотӣ, ташкили онлайн - дарсҳо мавриди барраси тарафайн қарор гирифт.

shartnoma_2

shartnoma_1