ҶАМЪБАСТИ ҲАФТАИ ИЛМ ВА ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ ДОНИШКАДАВИИ «ИЛМ – ФУРУҒИ МАЪРИФАТ»

 06.05.2024, 10:22:27     87


Санаи 01.05.2024 дар толори маҷлисгоҳи донишкада ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки ректори донишкада, муовинони ректор, деканони факултет, мудирони кафедраҳо, омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён А.Н. оғоз бахшид. Ректори донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмошо Набот зимни баромади хеш аз дасгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва рушди илми тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, таҷлили ҳафтаи илм дар донишкада, натиҷагири аз кори конференсияи илмӣ – назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои солҳои 2024, натиҷагирии даври донишкадавии «Илм – фурӯғи маърифат», натиҷагири аз қабули довталабон ба донишшкада ёдовар гардида сипас дар асоси фармоиши ректори донишкада донишҷӯёни фаъол барои пешниҳоди беҳтарин мақолаҳои илмӣ дар бахшҳои конференсияи илмӣ – назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои солҳои 2024, ғолибони даври донишкадавии «Илм – фуруғи маърифат», омӯзгороне, ки дар муаррифиии донишкада саҳми арзишманд гузоштаанд бо ифтихорнома ва мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

ннннн

шшш

шшшшшш