СЕМИНАР - ОМӮЗИШ ДАР МАВЗУИ «РАҚАМИКУНОНИИ ПАРДОХТҲО ВА ТАВСЕАИ ИНФРАСОХТОРИ ПАРДОХТӢ»

 27.04.2024, 13:57:17     69


Роҳбарияти садорати факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси иқтисодӣ ва барномасозӣ тамоми татбирҳоро роҳандозӣ намуда дар ҳамкори бо ташкилоту муассисаҳои бонкӣ ва хориҷӣ дар байни донишҷўён семинар омӯзишҳоро дар сатҳи баланд доир намуда истодааст.

Санаи 27.04.2024 дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ семинар аз тарафи намояндаи шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар мавзуи «Рақамикунонии пардохтҳо ва тавсеаи инфрасохтори пардохтӣ» гузаронида шуд. Роҳбари семинар Файзов Илҳом Абдураҳмонович – сармутахассиси соҳа оид ба кортҳои миллӣ, Саймуродов Абдулло Раҷабович – мутахассиси соҳа ва Раҳмоналии Умаралӣ таҷрибаомӯз.

Ҳамчунин дар семинар ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ Ҳисайнов Н.А. ва донишҷўёни курсҳои якуми ихтисосҳои самти молиявию - иқтисодии факултет иштирок доштаанд.

Семинарро ҷонишини декан оид ба таълими факултет Ҳисайнов Н.А. оғоз намуда, меҳмононро ба иштирокчиён шинос намудаанд. Баъди шиносоӣ суханро ба шахсони масъул додаанд.

 Файзов И.А. сараввал оид ба мафҳуми амалиётҳои бонкӣ гуфта гузаштаанд.

Чи тавре, ки мо модонем дар шароити иқтисоди бозоргонӣ нақши бонкҳо дар пешравии иқтисодиёт рӯз аз рӯз афзун мегардад. Моҳияти асосии бонкҳоро хизматрасонии бонкӣ, ё ин ки амалиётҳои бонкӣ равшану возеъ ифода мекунанд.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 2022, №314 «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» тасдиқ шудааст, ки тибқи зербанди 66, банди 4-и нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи мазкур иҷрои корҳо дар самти баланд бардоштани саводнокии рақамӣ, сатҳи огоҳӣ ва маълумот дар бораи маҳсулот ва хизматрасониҳои гуногун ва ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ пешбинӣ гардидааст. Илова бар ин, бо мақсади фарогирии бештари аҳолӣ бо хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии истифодабарандагони чунин хизматрасонӣ ва татбиқи босамари Фрмони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» мувофиқи мақсад аст, ки якҷо бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус ноҳияҳои дурдаст мунтазам чорабиниҳои маърифатӣ оид ба саводнокии молиявӣ гузаронида мешавад.

Маълумот оид ба насби терминалҳои электронӣ ва QR-рамз дар идора ва корхонаҳои давлатии дар ш.Кӯлоб ба  01.04.2024 с.

Айни замон дар марказҳои саломатии ш. Кӯлоб 33-адад  терминали электрони ва 9 – адад QR-рамз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии таъмин гардидааст.

Инчунин дар дигар корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимии ш. Кӯлоб бо 66-адад  терминали электрони ва 6 – адад QR-рамз аз ҷониби ташкилотҳои қарзии таъмин гардидааст.

Бахш ва намояндагии бонки тиҷорати шахсӣ - ҳуқуқи набуда, бо супориши бонки болои амалиёти ҷудогонаро иҷро мекунад.

Сипас, Саймуродов Абдулло вобаста ба масъалаи моҳият ва бартариятҳои пардохтҳои ғайринақдӣ баромад намудаанд.

Ҳисоббаробаркунии (пардохтҳои) ғайрина – ин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо байни пардохткунанда ва гирандаи маблағ бе истифодаи пули нақд бо роҳи интиқол додани маблағ тавассути воситаҳои электронии  пардохтӣ мебошад.

Оммавӣ гаштани истифодаи пардохтҳои ғайринақдӣ дар иқтисодиёти кишвар ҷараёнҳои молиявиро шаффоф гардонида, сатҳи иқтисодиёти ғайрирасмиро коҳиш медиҳад ва рейтинги давлатро барои ҷалби сармоягузорӣ дар арсаи байналмиллалӣ баланд мебардорад.

Рушди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ бидуни истифодаи технологияҳои муосири пардохтӣ, ки сифат ва хизматрасониро бењтар ва номгўи онҳоро васеъ мекунад, ғайриимкон аст. 

Дар охир Саймуродов А. аз ҳамаи донишҷўён хоҳиш ба амал овардаанд, ки дар рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ бетараф набошанд.

13_1

14

15