РИСОЛАТИ МУҲИМИ  ПАДАРУ МОДАР ДАР ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ ФАРЗАНД

 26.04.2024, 09:14:21     126


Бо мақсади иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Стратегияи муқовимат ба экстемизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025, Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марцилаи якум (солцои 2021-2025), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», қонуну барномаҳои соҳаи маориф  ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифатӣ ҳуқуқӣ» дар факултети муҳандисӣ – технологии донишкада санаи 24.04.2024 вохӯри бо  падару модарони донишҷӯён баргузор гардид.

Дар кори вохӯрии мазкур муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т. Қурбонзода Б.  мудири шуъкаи кадрҳо ва коргузорӣ Шокиров Қодир, ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин, декани факултет н.и.к Кучаров Маҳмадамин, сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М., омӯзгорони дарсдиҳанда Одинаев Сафар, Азизов Мирзо, Раҷабов Санг, муовини декан оид ба таълим Ганҷалов Р., муовини декан оид ба тарбия Тошмуродова Рухшона иштирок намуданд.

Кори ҷаласаро декани факултет оғоз бахшида мақсаду мароми вохӯриро шарҳ дода саломи самимӣ ва даъватҳои  ректори донишкада д.и.т. профессор Шоҳиён Алмосшо Наботро ба ҳозирин расонида барои ташрифи самими ба падару модарон аз номи ректори донишкада ва садорати факултет изҳори сипас намуд. Дар идомаи баромади хеш оид ба фаъолияти факултет, мувафақияту дастовард, шароит ва имкониятҳои фароҳамоварда шуда дар донишкада,  суханрони намуд.

Муовини ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот Қурбонзода Б., ҳуқуқшиноси донишкада Сайёдзода Ромин ва дигар баромадкунандагон дар ҳошияи риояи ҳатмии тартиботи дохилии донишкада аз ҷониби донишҷӯён, одобу муошират, давомоти донишҷӯён дар машғулиятҳо, масъулият ва вазифаҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, истифодаи барзиёди телефонҳои мобилӣ, дуруст истифода нагардидани сомонаҳои иҷтимоии интернет, вазъи сиёсии ҷаҳон, баланд бардоштани тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии фарзандон, сафарбарсозии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, назорати ҳарузаи фарзандон дар раванди таълим, пешгирии ҷавонон аз ташкилотҳои экстремистию террористӣ, муқовимат ба ҳолатҳои коррупсионӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, иштироки донишҷӯён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, эҳтироми падару модар ва  дигар масъалаҳои марбут ба тарбияи фарзанд суханронӣ намуданд.

Баъд аз барасии масъалаҳо падару модарон ибрози андеша намуда доир гаштани чунин ҷаласаро мувофиқ ва саривақти ҳисобида даъват ба амал оварданд, ки чунин ҷаласаҳо доир гарданду аз таҳсил ва рафтори фарзандони хеш огаҳи ёбем. Ин пешниҳодҳо бо хушнуди ва якдилона қабул гардид.

2_7

3_9

4_8