СЕМИНАРИ ТИҶОРАТӢ ДАР МАВЗУИ «МАРКЕТИНГ ДАР РУШДИ ТИҶОРАТ»

 26.04.2024, 09:08:39     56


Санаи 20.04.2024 дар факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ семинар аз тарафи Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон дар мавзуи «Маркетинг дар рушди тиҷорат» гузаронида шуд. Дар семинар Аҳмадзода Сайҷамол – мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Алишери Хайрулло, Эмомализода Ҷамолиддин – мутахассиси соҳа ва Амиршоев  Худойдод мудири бахши Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар семинар декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ н.и.и. Асоев Б.Х. ва донишҷӯёни курсҳои якуми факултет иштирок доштаанд.

Семинарро декани факултет н.и.и. Асоев Б.Х. оғоз намуда, меҳмононро ба иштирокчиён шинос намудаанд. Баъди шиносоӣ суханро ба шахсони масъул додаанд.

 Аҳмадзода Сайҷамол сараввал оид ба мафҳуми маркетинг гуфта гузаштаанд. Маркетинг- намуди фаъолияти инсониест, ки  барои қоеъ намудани эҳтиёҷот ва талабот бо мубодила равона мебошад. Барои пурратар фаҳмонида додани ин таърифи маркетинг дида баромадани мафҳумҳои элементҳои зерин заруранд:

1.Мӯҳтоҷӣ

2.Талабот

3.Зарурат

  1. Мол

5.Мубодила

6.Муомила

7.Бозор

Агар ба ин элементҳо пурратар андеша карданӣ шавем, он гоҳ маънои ҳар яки онҳоро бояд муфассал донем.

Ҳиссиёти инсоние, ки норасоии чизеро эҳсос мекунад, мӯҳтоҷӣ номида мешавад. Мӯҳтоҷие, ки шакли махсусро вобаста ба дараҷаи маданият ва шахсияти инсон қабул мекунад талабот номида мешавад.

 Гуфтан лозим аст, ки шахсони дараҷаи баланди маданият дошта бо кадом молҳо ва шахсони дараҷаи баланди маданият надошта ба кадом гурӯҳи молҳо, эҳтиёҷ доранд.

Талаботе, ки имконияти ҳаракат гирифтани ягон мол аз тарафи харидор вобаста аст, зарурат номида мешавад.

Мисол: донишҷӯён барои харида гирифтани кадом намуд молҳо имконият доранд, агар даромади миёнаи моҳонаи онҳо 50 сомонӣ бошад?

Ҳамаи он чизе, ки талабот ва мӯҳтоҷиро қонеъ мекунонад ва ба бозор барои ҷалб кардани диққати харидорон харида гирифтан, истеъмол кардан ва истифода бурдан пешниҳод карда мешаванд, мол номида мешавад.

Аз нуқтаи назари таъминоти хоҳиши қаноатмандӣ ҳамаи молҳо ба 3 гурӯҳ тақсим мешаванд:

  1. Молҳое, ки хоҳиши қаноатмандиро пурра таъмин мекунанд, молҳои идеалӣ номида мешаванд;
  2. Молҳое, ки хоҳиши қаонатмандиро қисман таъмин мекунанд;
  3. Молҳое, ки хоҳиши қаноатмандиро таъмин намекунанд (албатта дар як вақти муайян).

Аз рӯйи ҳар се гурӯҳи молҳо мисол оварда ба донишӯён фаҳмонида додан шарт аст.

Амалиёти гирифтани объекти хоҳиш аз касе ва пешниҳоди чизи дигаре ба ӯ мубодила номида мешавад. Мубодилаи ихтиёрӣ дар натиҷаи риоя кардани 5 шарти асосӣ содир мешавад.

Мубодилаи тиҷоратии қимматҳои баробардоштаи байни ду тараф муомила номида мешавад. Муомила ҳам дар натиҷаи ба назар гирифтани 4 шарти асосӣ содир мешавад, ки фаҳмонида додани ҳар яки онҳо заруранд.

Эмомализода Ҷамолиддин мутахассиси соҳаи бозоршиносӣ баромад намуда чунин андешаронӣ намудаанд.

Ҳама вақт  дар ҳаёти реалӣ оид ба мақсадҳои системаи маркетинг саволҳо пайдо мешаванд.

Тарзҳои гуногуни ҷавоб мавҷуданд. Котлер Ф.-профессори яке аз донишгоҳҳои ШМА чор тарзи алтернативии ҷавобҳоро пешниҳод намудааст:

- ноилшавӣ ба дараҷаи баланди максималии иистеъмолӣ;

- ноилшавӣ ба дараҷаи максималии қаноатмандии истеъмолӣ;

- таъминоти максималии интихоби васеи молҳо;

- ба дараҷаи максималӣ баланд бардоштани сифати ҳаёт.

Фирмаҳо (корхонаҳо) барои ба дараҷаи истеъмоли максималӣ расидан кӯшиш ва ҳаракат мекунанд, ки ба воситаҳои реклама, агентҳои савдо ҳар чи бештар моли худро фурӯшанд. Мисол: рекламаи ҳаррӯзаи резинкаи (сақичи) «Орбит».

Барои ба мақсади дуюм ноил шудан фирмаҳо(корхонаҳо) кӯшиш мекунанд, ки хоҳиши қаноатмандиро пурра таъмин намоянд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо бо ҳамаи намудҳои мол пурра қонеъ гардонидан ғайри имкон аст.

Чунки хоҳиши қаноатмандии ҳар як шахс доимо тағйир меёбад, яъне дар бисёр ҳолатҳо ба ӯ вақт таъсир мерасонад, аз ин лиҳоз хоҳиши қаноатмандӣ аз рӯйи ҳамаи намуди молҳо ба тариқи мутлақ таъмин карда намешавад.

Мақсади сеюм аз он иборат аст, ки барои бисёртар ва тезтар фурӯхтани мол фирма (корхона) ассортименти молҳои (намудҳои) барои истифодабарии якхеларо зиёд мекунад, зеро ки харидорон ҳама вақт як намуд молро истифода набурда кӯшиш мекунанд, ки намудҳои дигари онҳоро низ санљида бинанд. Мисол: ангури хусайнии сафед, тоифии гулобӣ ва ғайра, ё худ моддаҳои ҷомашӯӣ.

Мақсади чорум ниҳоят муҳим аст, чунки ӯ ба ҳаёти реалии инсон вобаста аст. Бояд қайд кард, ки сифати ҳаёт аз 3 элементи асосӣ вобаста аст:

- сифат, миқдор, намудҳо, дастрасӣ ва арзиши молҳо;

- сифати муҳити физикӣ;

- сифати муҳити маданӣ.

Фақат дар ҳолати баробар таъмин будани инсон бо ин 3 гурӯҳ элементҳо оиди сифати баланди ҳаёт сухан рондан дуруст аст.

чмыв

вапвп

впв