АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ - ОМИЛИ ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ КИШВАР

 03.04.2024, 13:12:09     268


Тоҷикистон аз лиҳози соҳибистиқлол шудан то кунун дар самти ҳифзи амнияти миллии худ ва муқовимат бо таҳдидҳои сатҳи минтақавӣ ва байналхалқи фаъолона ширкат меварзад. Дар шароити пурҳасоси имрӯза хатари ҳамаҷонибаи терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро дарк карда, комилан зидди ин падидаҳои номатлуб ва хатарзо дар ҳама навъҳои зуҳурашон муқовимат менамояд. Дар ин самт Тоҷикистон муттаҳидсозӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои ҷомеаи байналмилалиро дар миқёси ҷаҳон ва минтақа ҷонибдорӣ менамояд.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ санаи 01.04.2024 вохӯрии декани факултет н.и.и, Асоев Б.Х. сардори раёсати тарбия Шарипов Р.М. номзади илмҳои педагогӣ, Шарипов Бегиҷон, омӯзгори кафедраи барномасозӣ Бобоев Аҳмадҷон, сардори маркази бақайдгирии донишҷӯён Каримов Бахтиёр бо сардорони гурӯҳои академикӣ иштирок намуданд. Вохӯрии мазкур дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ - омили таъмини бехатарии кишвар»бахшида шуд.

Декани факултет вохӯриро оғоз бахшида мавзуи ба вохӯри пешниҳодшударо бараси намуда дар ҳошияи амнияти иттилоотӣ суханрони намуд. Сипас омӯзгори соҳаи барномасози Бобоев Аҳмадҷон оид ба тарзи дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, муқовимат бо саҳифаҳои экстремистӣ ва террористӣ тариқи доскаи электронӣ корҳои амалӣ фаҳмондадиҳӣ нишон дод.

Инчунин сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам иштирокчиёнро ҷиҳати огоҳи ёфтан ва худори намудан аз сомона ва барномаҳои иғвоангезонаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ шинос намуда дар ҳошияи сиёсати мувафақона ва пешгирифтаи имрӯзаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳар ҳафта вохӯриҳои мазкур дар байни сардорони гурӯҳои академикӣ ташкил карда шуда дар он мавзуҳои мубрами рӯз ва супориҳои роҳбарият ҷиҳати иҷро бараси ва муҳокима карда мешавад. Сипас сардорони гурӯҳҳо дар байни гурӯҳои хеш супоришҳои гирифташударо мавриди иҷро қарор медиҳанд.

2_6

3_7

4_7