ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ ДАР ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

 24.03.2024, 16:43:39     270


Миллати куҳанбунёд ва фарҳангсолори тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории Ҷамшед истиқбол намуда, дар ҳама давру замон бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу бузургии хоса ҷашн мегирифтанд.

Санаи 20.03.2024 дар саҳни донишкада ҷашни байналмилалии Наврӯз бо оростани дастурхони идона, ҳунарҳои мардумӣ, базму шодиҳо, қироати порчаҳои шеърӣ, намоиши табиати зинда таҷлил гардид.

Дар чорабинии мазур Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, ректори донишкада, доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саймуминзода Фирӯз иштирок намуданд.

Меҳмонон ва роҳбарият аз намоишгоҳи наврӯзии факултетҳо дидан намуда донишҷӯён бо анъанаҳои наврӯзӣ, қироати порчаҳои шеърӣ, суруду тарона, навозиши найу тор ва шодиву нишот наврӯзи имсолро пешвоз гирифтанд.

Сипас роҳбарият ва меҳмонон суханрони намуда аз таъриху эҳёшавии ҷашни байналмилалии Наврӯз суханрони гуфт ҳозиринро ба баҳори нозанин табрик гуфтанд. Барои иштироки фаъолонаи омузгорону донишҷӯёни факултетҳо дар чорабинии имрӯза дар вазъияти тантанавӣ садоратҳои факултетҳо бо сиписнома қадрдонӣ карда шуд.

Баъд аз қисмати тантанавии чорабини барномаи фарҳанги пешниҳоди ҳозирин гардонида шуд.

2_5

3_6

4_6