Рӯзи «Дарҳои кушод» и Донишкадаи технология ва менементи инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб

 15.03.2024, 11:19:45     106


  Раёсати Донишкадаи технология ва менементи инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба самъи Шумо эҳтиромона мерасонад, ки санаи 16.03.2024 дар ДТМИК рӯзи «Дарҳои кушод» оид ба ҷалби довталабон барои соли таҳсили 2024-2025 гузаронида мешавад. Ҳамзамон дар асоси Барномаи давлатӣ оид ба бист солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040, олимпиада аз фаннҳои физика, математика ва химияро барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ш. Кӯлоб ба нақша гирифтааст.

      

РАВАНДИ БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНӢ
1 Бақайдгирии довталабон ва роҳбарони муассисаю ташкилотҳо.
2 Боздид аз маҳсулотҳои парки технологӣ ва дастовардҳои кафедраҳои ДТМИК.
3 Муаррифии лоиҳаҳои инноватсионии омӯзгорон ва донишҷӯёни ДТМИК.
4 Суханронии Ректори Донишкадаи технология ва         менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб – д.и.т., дотсент., Шоҳиён Алмосшо Набот. (муаррифии Донишкада)
5 Бақайдгирии иштирокчиёни олимпиада аз соати 900 то 1000
6 Раванди баргузории олимпиада аз соати 1000 то 1300 сурат мегирад.

                  

СУРОҒАИ МО:

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Кӯлоб, маҳ.Борбад

Тел.: +992 (83322) 2-13-67

Факс: +992 (83322)-2-13-67

Email: dtmik@list.ru

Сомонаи интернет: www.dtmik.tj