ЧОРАБИНИИ МАЪРИФАТӢ - ВАТАНДӮСТӢ ДАР МАВЗУИ «ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ»

 21.02.2024, 10:08:59     266


Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети муҳандисӣ-энергетикӣ санаи 20.02.2024 чорабинии маърифатӣ - ватандӯстӣ дар мавзуи «ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ» баргузор гардид, ки дар он:

Декани факултети муҳандисӣ - энергетикӣ Ҳусайнов Н.Т

ноиби ректор оид ба илм ва та

тбиқот н.и.т. дотсент Исоев С.Қ.

Сардори бахши мудофияи шаҳрвандии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов А.

муовинони декан, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.

Декани факултет Ҳусайнов Н.Т.  чорабиниро оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд, ки «Ба қадри Модар - Ватан, муқаддасоти миллӣ истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, суботу озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ ва таъриху маданияти халқи худ бирасем ва барои наслҳои ояндаи худ гузоштани мероси арзанда талош варзем».

Инчунин ноиби ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. дотсент Исоев Собир ва Сардори бахши мудофияи шаҳрвандии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб Саидов Абдулло дар ҳошияи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд.

Дар идомаи корӣ чорабини омӯзгорону донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ - ватандӯстӣ баромад намуданд.

  1. Маърӯза дар мавзуи « 23- юми феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶумҳурииТоҷикистон »Раиси чавонони факултет Беҳруззода Т.Б.
  2. Маърӯза дар мавзуи «Таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ» - донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1-74060501 - Таъмини энергетикии кишоварзӣ Шарипова Дилрабо
  3. Маърӯза дар мавзуи «Артиши миллӣ ҳимоятгарии марзу бумиватан» - донишҷӯи курси 3 ихтисоси 1- 70020101 - Технология ва ташкили саноати сохтмонӣ Какиева Дилноза

Баъд аз шунидани маърӯзаҳо донишҷӯён дар васфи Ватан ва Тоҷикистон порчаҳои шеърӣ пешкашӣ ҳозирин гардониданд.

3_3

4_3

2_3