МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 23 - ФЕВРАЛ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 19.02.2024, 12:07:23     173


Ҳамасола дар саросари кишвар 23 - феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат ва ташкили чорабиниҳои гуногуни маърифативу ватандӯстӣ, ватанпарастӣ, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардад.

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ин муносибат нақша - чорабиниҳо тасдиқ гардида чорабиниҳои гуногуни маърифативу - ватандӯстӣ доир гашта истодааст.

Санаи 19.02.2024 тибқи нақша - чорабинии донишкада ва нақша - чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонони шаҳри Кӯлоб мусобиқаҳои варзишии "Қувваозмоии дастӣ", "Вазнбардори беҳтарин", "Шоҳмотбози беҳтарин", "Шашкабози беҳтарин" дар толори варзишии донишкада бо иштироки васеъи донишҷӯён баргузор гардид.

Мусобиқаҳои мазкурро муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Холматова Мумина ифтитоҳ бахшида аз дастовардҳои варзишгарони кишвар ва омавигардонии варзиш суханронӣ намуда барору мувафақият озру намуд.

Сипас бо садододани Суруди миллӣ мусобиқа оғоз бахшида шуд.

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 23 - ФЕВРАЛ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУСОБИҚАҲОИ ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА 23 - ФЕВРАЛ РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН