ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ

 17.02.2024, 15:26:23     191


Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат "Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон" санаи 09.02.2024 ҷаласаи Шурои занон баргузор гардид.

Дар ҷаласа ки бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия н.и.п., Холматова Мумина, роҳбари бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони донишкада Розиқова Элзара, омӯзгорону кормандон сурат гирифт паҳлуҳои гуногуни Паёми навбатии Пешвои миллат мавриди бараси қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми самтҳои асосии ҳаёти ҷомеаро таҳлил карда, аз ҷумла оид ба мавқеи занон дар ҷомеа таъкидҳо намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд доштанд, ки "Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем".

Ҳамин эътимод ва бовари ҳаст, ки имрӯзҳо бонувони тоҷик мавқеи худро дар ҷомеа соҳиб мебошанд ва дар баробари мардон дар сохторҳои қудратӣ ва дигар самтҳои фаъолияти давлатӣ хизмат карда, дар рушду пешрафти кишвар нақши калиди мебозанд.

Инчунин дар ҷаласаи мазкур омӯзгорзанон андешаҳои хешро оид ба паём иброз намуда чунин ибрози андеша намуданд: ҷавобан ба чунин ғамхориҳои Пешвои миллат дар ҳақи занон бонувони кишвар ҳамеша аз суханони Президенти кишвар руҳу илмҳом гирифта онро сармашқи кору зиндагии рӯзмарраи худ қарор медиҳем.

Дар идомаи ҷаласа мавзуҳои нақшавӣ мавриди бараси қарор дода шуданд.

мумина 2
 
мумина 3