Дар ДТМИК Шурои диссертатсионӣ таъсис меёбад

 16.02.2024, 13:29:31     108


Зимни нишасти матбуотӣ Алмосшо Шоҳиён, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод, ки айни замон дар донишкада беш аз 220 нафар омӯзгорон ба 2113 донишҷӯ дарс мегӯянд.

Донишкада аз соли 2009 то ҳозир бо зиёда аз 45 донишгоҳи Федератсияи Россия, 15 донишгоҳи Иттиҳоди Аврупо, 12 донишгоҳи Ҷумҳурии Узбекистон, 8 донишгоҳи Чин, ИМА ва дигар донишгоҳҳои хориҷи кишвар шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар асоси он донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои зерин таҳсил карда истодаанд.

Дар доираи эълон гардидани Солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади иҷроиши барномаи давлатӣ ва таъмини мутахассисон аз рӯи соҳаҳои гуногуни саноати кишвар, 7 ихтисоси нав бо истифода аз имкониятҳои кадриву заминавии таълимгоҳҳои олии Федератсияи Россия аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии химиявию технологии шаҳри Иваново ва Донишгоҳи давлатии химиявию технологии Россия таъсис ёфта мавриди амал қарор дода шуданд, - гуфт Алмосшо Шоҳиён.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки донишкада тасмим гирифтааст, ки дар наздиктарин фурсат Шурои диссертатсионӣ ташкил намояд, ки дар ин самт корҳо аллакай идома дорад.