ШОДБОШӢ

 09.02.2024, 11:45:39     98


Ҳайати олимон, профессорон, омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишкада ба ин дастовард олими асил, доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Наботро самимона табрик гуфта дар кору пайкори пурмасъулияташон барору мувафақият орзу менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот бахотири саҳми ӯ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои Тоҷикистон, кори роҳнамоии касбӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсионии ҳамаҷониба ба унвони «ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК» дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск Надежда Ярушкина ва директори Донишкадаи байналмилалӣ Павел Пазушкин сарфароз гардонида шуд.