ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК

 09.02.2024, 11:35:31     171


Дар доираи сафари кории хеш ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дар  ҷаласаи Шурои олимони Донишгоҳи давлатии техникии Ульяновск иштирок намуда ба хотири саҳми ӯ дар рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодасозии кадрҳои баландихтисос барои Тоҷикистон, кори роҳнамоии касбӣ, таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию инноватсионии ҳамаҷониба ба унвони «ПРОФЕССОРИ ФАХРИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК» дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи ректори Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск Надежда Ярушкина ва директори Донишкадаи байналмилалӣ Павел Пазушкин сарфароз гардонида шуд. 

Ректори донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуда иброз дошт: «Барои ман ифтихори бузург аст, ки ба унвони профессори фахрии Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск сарфароз шудам. Мо аз рафти иҷрои шартномаҳои ҳамкорӣ, ки аз ин пеш имзо шуда буд, шоду хурсандем ва аз тамоми коллективи Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск барои ҳисси калонашон дар тайёр кардани мутахассисоне, ки қувваи пешбарандаи тараққиёти иқтисодиёт ва саноати ҷумҳурӣ мебошанд, миннатдорем. Дар Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии техникии Ульяновск рейтинги баланд ва назари хуби довталабон ва волидани онҳо дорад» .