ВОХӮРИИ ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ БО ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК, КИ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТЕХНИКИИ ШАҲРИ УЛЬЯНОВСК ТАҲСИЛ ДОРАНД

 09.02.2024, 11:20:55     87


Зимни сафари кории хеш санаи 06.02.2024 ректори Донишкади технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, профессор Шоҳиён Алмосшо Набот дар Донишгоҳи давлатии техникии шаҳри Ульяновск бо донишҷӯёни тоҷик сӯҳбат анҷом дод.

Дар баромади хеш иброз дошт, ки таҷрибаи мактаби давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаи ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагӣ ва дар меҳвари асосии роҳбариашон қарор дорад.

Шумо ҷавонон аз тарафи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун насли идомадиҳандаи таъриху фарҳангӣ қадимаи миллат, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, парчамбардорони миллат, эҷодкорони тақдири имрӯзу оянда, таҳкимбахшандагони ваҳдати миллӣ, муҳофизони боэътимоди истиқлоли Ватан, бунёдгузорони давлати мутамаддини дунявӣ ва демократи эътироф гардидаед.

Ҷавобан ба ин ҳама дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебояд содиқона таҳсил ва илмҳои замонавиро аз худ намуда ба ватани хеш содиқона хизмат намоед.

Инчун гуфта шуд, ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳед аз ҳар гуна сомонаҳои ифротӣ ва ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ , ки мақсадашон гумроҳ сохтани ҷавонон аст худорӣ намоед.

Баъд аз вохури мазкур донишҷӯён бо ректори донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот суҳбат озод ороста чунин ибрози ибрози анеша намуданд: Мо ҷавонон сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро пайравӣ намуда, дар таҳкими истиқлолият, пойдории сулҳу вадат, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва пешрафту тараққиёти давлат арҷ гузошта, бо донишу маърифат, ҷаҳонбинии васеъ ва заковати баланди худшиносию ватанпарастӣ барои ба кишварҳои мутамаддин баробар гардидани Тоҷикистони азиз саҳми арзанда мегузорем.