Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 06.12.2017, 14:43:46     1555


Оиди иҷроиши дастури Вазорати Маориф ва Илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҷлили  сазовори Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб.

Дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб  барои таҷлили  сазовори Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷллосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои зерин гузаронида шуд:

1. Дар санаи 15 ноябри соли ҷорӣ  конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Иҷлосияи тақдирсозӣ XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рисолати таърихии он»  бо иштироки;  мудири шуъбаи рушди иҷтимои Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатиии  ш. Кӯлоб  Насриддинзода  Рамазон, намояндаи  кумитаи  кор бо ҷавонон  ва  варзиши  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова  Маҳинабону, мудири бахши бойгонӣ матбуотии  мақомоти  иҷроияи Ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Ситамов, мудири бахши кор  бо ҷавонон ва  варзиши  ш. Кӯлоб Достиев Ғиёсиддин, ҷонишини  раиси Ҳизби  Халқи  Демократи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ш. Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳоров

ва ҳайати олимон, омӯзгорон, кормандону донишҷӯёни Донишкада гузаронида шуд.

Конференсияро бо суханони  ифтитоҳи  ҷонишини директор оид ба тарбия, тарғибот ва масоили иҷтимоӣ Умарова М.С. оғоз намуда ба меҳмонон ва ҳозирин муваффақиятҳо орзӯ намуд. Меҳмонон ва иштирокчиён мувофиқи барномаи Конференсия маърузаҳо намуданд.

Аз ҷумла:

  • мудири шуъбаи рушди иҷтимои Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатиии  ш. Кӯлоб Насриддинзода  Рамазон дар мавзӯи «Нақши Пешвои миллат дар барқароркунии Тоҷикистон»,
  • мудири бахши бойгонӣ матбуотии  мақомоти  иҷроияи Ҳокимияти давлатии ш.Кӯлоб, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Сулаймон Ситамов дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз»,  
  • намояндаи  кумитаи  кор бо ҷавонон  ва  варзиши  назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова  Маҳинабону дар мавзӯи «Дастгириҳои  Пешвои миллат нисбати ҷавонони Тоҷикистон»,
  • ҷонишини  раиси Ҳизби  Халқи  Демократи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  ш. Кӯлоб Сарахон Абдуқаҳоров дар мавзӯи «Иҷлосияи тақдирсоз миллати ттоҷикро аз нести наҷот дод»,
  • номзади илмҳои педагогӣ, профессор Иброҳимов Гурез дар мавзӯи «Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон – созандаи фазои сулҳу оромии Тоҷикистон»,
  • корманди Шоистаи маориф Нозимзода Талабхуҷа дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар барқароркунии иқтисодиёти кишвар»
  • раиси Созмони ҷавонони факултаи «Муҳандисӣ-энергетикӣ», дониҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-400102 Ашурова Шахло дар мавзӯи «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат дар барқароркунии сулҳу суботи кишвар».

Инчунин донишҷӯёни Донишкада  шеърҳо дар мавзӯи «Интихоби Пешво» ва «Иҷлосияи 16-уми тақдирсоз»  қироат намуданд.

Дар охири конференсия дастаи «Нури Ваҳдат»-и Донишкадаи технология ва менеҷменти инновасионӣ дар шаҳри Кӯлоб хотири ҳамагонро ба чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон Ватанро месозем»  шод намуданд.  Конференсия дар фазои ситоиши ватандорӣ ва  эҳтиромгузорӣ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, ба таърихи миллати тоҷик ба анҷом расид.

2. Аз аввали октябр то 15 ноябри соли 2017  бахшида ба Рӯзи Президент ва 25 солагии Иҷллосияи XVI Шӯрои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  як қатор мусобиқаҳои варзишӣ байни донишҷӯёни факултаҳои Донишкада гузаронида шуд. Аз ҷумла:

  • 2 октябр то 23 октябри соли 2017 мусобиқа  аз намуди варзишӣ футбол байни дастаҳои варзишии факултаҳо гузаронида шуд.
  • аз 23 октябр  то 15ноябри соли 2017 якчанд намудҳои варзишӣ: футболи хурд, волейбол, пойгаҳ,тениси рӯи миз гузаронида шуда ғолибон бо тӯҳфаҳо аз тарафи Раёсати ДТМИК сазовор гардонида шуданд.

3. Дар санаи 15 ноябр бо ҷалби  меҳмонон ва намояндагони Мақомоти  иҷроияи  Ҳокимияти  давлатиии  ш. Кӯлоб, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  толори хониши китобхонаи Донишкада намоиши китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид Ҳамчунин дар   назди бинои Донишкада    дастовардҳои инноватсионии марказҳо ва донишҷӯёни Донишкада  ба намоиш гузошта шуд.