МУҲОКИМАИ РИСОЛАИ НОМЗАДИИ УНВОНҶӮИ ШАБАКАҲОИ БАРҚӢ ВА ФИЗИКАИ УМУМӢ АХМЕДОВА ЗЕБИНИСО

 20.01.2024, 07:59:02     83


Раёсати Донишкада сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбати дастгирии занон дар ҷодаи илму маориф ҷонибдори намуда, барои кору фаъолият ва ҳимояи рисолаи номзадии онҳо кумаку мусоидат менамояд.       

Санаи 29.12.2023 дар ҷаласаи кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ муҳокимаи рисолаи номзадии  унвонҷӯи кафедраи шабакаҳои барқӣ ва физикаи умумии Донишкада Ахмедова Зебинисо Партововна дар мавзуи («Омӯзиши проблемавӣ ва рушди салоҳиятҳои касбии донишҷӯён», коркард ва татбиқи омӯзиши проблемавии механика дар муассисаҳои олӣ) барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.02 – Назария ва методикаи омӯзишу парвариш (физика) баргузор гардид.  

Дар муҳокимаи рисолаи илмӣ ректори Донишкада д.и.т. Шоҳиён Алмосшо Набот, роҳбари илмии унвонҷӯ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Истамов Фарҳод Хоҷамқулович – номзади илмҳои физика-математика, дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳузур доштанд.    Инчунин ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада дар муҳокимаи рисолаи илмии Ахмедова Зебинисо Партововна фаъолона иштирок намуда, ба унвонҷӯ дар ҳимояи рисолаи номзадӣ муваффақиятҳо хостанд. Баъд аз муҳокимаи рисолаи номзадӣ хулосаи раиси комиссия шунида шуда, бо шумораи умумии овозҳои иштирокчиён рисолаи номзадии унвонҷӯ Ахмедова Зебинисо Партововнаро барои ҳимоя пешниҳод намуданд.