ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ!!!
Ба таваҷҷӯҳии ҳамаи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илми доштаи Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расонида мешавад, ки бо мақсади қадршиносии хизматҳои шоистаи олимони Донишкада дар назди ҷомеа ва давлат, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодии олимон ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, технологӣ ва инноватсионӣ озмуни «Олими сол» дар соли 2023 доир карда мешавад.
Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои лозимиро тибқи талаботи дар зер оварда шудаи озмун то санаи 18-уми декабри соли 2023 ба Департаменти инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ пешниҳод намоянд.
Талаботҳои озмун:
- доштани дараҷаи илмӣ (номзади илм, доктори фалсафа (PhD) доктор аз рӯиихтисос, доктори илм, доктори ҳабилитат);
- доштани монография ва китоби таълимӣ;
- доштани ихтироот;
- ҳуҷҷати дахлдори тасдиқкунандаи ҳолати татбиқшавӣ ва дар амал қарор доштани таҳқиқоти илмӣ;
- доштани ду мақола дар маҷалаҳои илмӣ бе ҳаммуаллифӣ (дар маҷалаҳои WoS, SCOPUS чопшуда афзалият дода мешавад);
- доштани на кам аз 7 мақолаи илмӣ (ба мақолаҳои илмии бе ҳаммуаллифӣ чопшуда афзалият дода мешавад), ки аз он 3 - тоаш дар маҷаллаҳои илмӣ, ки онро Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст ва яктоаш бо забони русӣ ва ё дигар забони хориҷӣ ба чоп расида бошад;
ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иштироки довталаб бо маърӯзаҳои илмӣ дар на кам аз 10 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 3 конференсияи байналмилалӣ;