ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ, ТАВАҶҶӮҲ!!!
Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи донишҷӯёни Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб расонида мешавад, ки бо мақсади ҷалби васеи донишҷӯён ва ҳавасманд намудани онҳо дар рушди қобилияти илмӣ, эҷодӣ, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ, такмили фаъолияти ҷустуҷӯи мустақилона, таъмин ва татбиқи муносибати салоҳиятнокӣ, истифодаи техника ва технологияи иттилоотию иртиботӣ, аз бар намудани донишҳои замонавӣ, инчунин арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибкасби рақобатпазир дар бозори меҳнат ва дарёфти чеҳраҳои лаёқатманди дорои захираҳои илмию зеҳнӣ озмуни донишкадавии “ДОНИШҶӮИ СОЛ” гузаронида мешавад.
Ҳуҷҷатҳои лозимиро донишҷӯён тибқи талаботи дар зер оварда шудаи озмун то санаи 18-уми декабри соли 2023 омода намуда ба Департаменти инноватсия, рақамикунонӣ ва равобити хориҷӣ пешниҳод менамоянд.
- дархости факултет чиҳати пешниҳоди довталаб;
- қарори комиссияи даври факултативии озмун;
- тавсифномаи декани факултет;
- хислатномаи аз ҷониби декан ва эдвайзери донишҷӯ;
- тарҷумаи ҳоли довталаб;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи дафтарчаи имтихонӣ (транскрипт) бо имзо ва муҳри маркази бақайдгирии донишҷӯён;
- дастовардҳои довталаб (нусхаҳои шаҳодатнома, шоҳодатнома оид ба ихтироот, диплом, сертификат, сипоснома, ифтихорнома ва дигар намуди дастовардҳо);
- иштирок дар конференсияҳои илмию назариявӣ, илмию амалӣ, маълумотҳои чопӣ, мақолаҳои илмӣ, публисистӣ, шеъру тарона, ки дар давраи донишҷӯи ба даст овардааст;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи гирандаи стипендияҳо (агар гирандаи стипендия бошад);
- номгуи адабиёти бадеӣ, илмӣ ва тахассусӣ мутолиашуда.