ОЗМУНИ КАДБОНУИ БЕҲТАРИН
Дар доираи нақша - чорабиниҳои бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб байни донишҷӯдухтарон озмун баргузор гардид.
Бояд ёдовар шавем, ки ҳадафи ин озмун тайёр намудани ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ дар байни ҷавондухтарон, ҷалб намудани ҷавондухтарон ба корҳои ҷамъиятӣ, сиёсию оммавию фарҳангӣ, пешгирии ҷавондухтарон аз амалҳои номатлуб мебошанд.
Озмунро ректори Донишкада д.и.т., дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида ҷиҳати омода намудани ҷавондӯхтарон ба ҳаёти мустақилона ва дар сатҳи баланд гузаронидани озмуни мазкур суханрони намуда ба дастаҳо ғолибият орзу намуд.
Озмуни аз шартҳои зерин гузаронида шуд:
- Намоиши сару либоси миллӣ. Муд ва зебоӣ. (ҳамаи гуруҳҳо);
- Тарзи тайёр намудани таоми миллӣ;
- Тарзи тайёр намудани шириниҳо;
- Тарзи тайёр намудани хуришҳо;
- Таронахонӣ;
- Ороиши арус вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ, чакандузӣ дар матоъ;
- Намоиши чаканҳое,ки масъули дастони иштирокчиёни озмун;
- Ороиши дастархони идона ва муариффии он(зери танзим);
Дастаҳо байни ҳамдигар аз рӯи шартҳо рақобат намуда аз тарафи ҳайати ҳакамони озмун ки зери роҳбари муовини ректор оид ба тарбия номзади илмҳои педагогӣ Холматова Муъмина ташкил гардида буд дастаҳоро баҳогузори намуданд.
Дар асоси баҳогузории ҳайати ҳакамон дастаи "Зебосанам"- и факултети муштараки тоҷикӣ-россиягӣ ҷойи аввал, дастаи "Кавсар" - и иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҷойи дуюм, дастаи "Дурахшандагон"- и факултети муҳандисӣ-энергетикӣ ҷойи сеюм, дастаи "Ганҷи ҳунар"- и факултети муҳандисӣ-технологӣ ҷойи ифтихориро ишғол намуданд.
Дар охир ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи роҳбарияти Донишкада қадрдонӣ шуданд.