ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН – ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОРИ ҶОМЕА

 16.12.2023, 17:02:58     252


Таҳти ҳамин ном 5- декабр дар толори китобхонаи илмии Донишкада мизи мудавар бахшида 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори мизи мудаввар раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим, ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, роҳбари собиқадорони ҳизб дар шаҳри Кӯлоб Нозимов Талаб, муовинони ректор, деканони факултет, сардорони шуъбаҳову марказҳо аъзоёни ҳизб иштирок намуданд. 

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ оғоз бахшида шуд. 

Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот ба кори чорабини оғоз бахшида қайд доштанд, ки Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон ба сифати як ниҳоди фаъоли низоми сиёсии ҷомеа аз рӯзи нахустини таъсисёбӣ ба дарки масъулияти баланд ва мақсадҳои волои амали намудани ормонҳои мардуми Тоҷикистон дар майдони сиёсат қадамҳои устувор ниҳода истодааст. Воқеанҳам дар 29 соли фаъолияташ ҲХДТ мушкилот ва ҳодисаву таҳавуллотҳои зиёдеро паси сар намуда, ҷиҳати ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ  ва муттаҳидсозии  мардум, пешрафту тараққиёт ва тақвияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, вобаста ба тақозои ҷаҳони муосир нақшаву барномаҳо ва стратегияҳои миллии ояндадорро рӯйи кор овардааст, ки барои пешрафти ҷомеаи Тоҷикистон мусоидат намуд. 

Дар фарчоми баромади хеш ректори Донишкада ҳозиринро ба муносибати 29 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табрик гуфта пешрафту комёбӣ орзу намуд.

Инчунин раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Сайвализода Салим суханрони намуда аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва иҷрои барномаву ҳадафҳои ҳизб дар 29 соли фаъолият ёдовар гардида инчунин қайд доштанд, ки маҳз садоқату самимияти хоса, эҳсоси баланди меҳанпарварию ифтихори ватандорӣ, ғамхорию назари ғамхорона ба халқу миллати куҳантамаддун ва ниҳоди поку қалби саршор аз муҳаббати инсонии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки шумораи аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб афзуда Тоҷикистони азизамон ба як мамлакати мешрафтаву ташаббускори сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфта рӯз аз рӯз шукуфон гашта истодааст.

Дар идомаи мизи мудаввар собиқадори ҳизб Нозимов Талаб дар мавзуи «ҲХДТ - Ҳизби ҳамқадами ҳаёт», саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Шоинов Ҳасан дар  мавзуи «ҲХДТ – ҳизби мардуми ва созандаи ҷомеа», саромӯзгори кафедраи забонҳои давлатӣ ва забонҳои муосири хориҷӣ «ҲХДТ – ҳизби мутаҳидкунанда» Мирзоева Фарида, Зоирзода Фахриддин роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ДТМИК дар мавзуи «Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизбе, ки ҳамеша бо халқ аст» суханрони намуданд.

Тибқи барномаи мизи мудаввар як видео –ролик дар мавзуи «ҲХДТ – Ҳизби созандаю бунёдкор» - пешкаши ҳозирин гардоида шуд. 

Дар фарҷоми мизи мудаввар дигар иштирокчиён андешаҳои хешро дар ҳошияи таъсисёбии ҳизб баён дошта чор нафар – аъзоёни фаъоли ҳизб аз ҳисоби ташкилоти ибтидоии ҳизби «Технолог» - и назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб қадрдони карда шуданд.