ВОХУРӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ ВА ШАБАКОҲИ ИҶТИМОИИ ИНТЕРНЕТ ВА ТАЪСИРИ ОН БА ҶАВОНОН
Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2023 бо донишҷӯёни басти дуюми факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ санаи 01.12. 2023 вохӯри баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, сардори шуъбаи махсус, таъминоти ҳуқуқӣ ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастӣ Гулов Ҳасан, нозири ин шуъбаи махсус Шарипова Розим, мудири кафедраи иқтисодиёт номзади илмҳои иқтисодӣ Содиқзода Зафар иштирок ва суханрони намуданд.
Дар вохӯри мавзуҳои зерин: Ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, одобу ахлоқ, вазъи сиёсии ҷаҳон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, шиносоии донишҷӯён бо рӯйхат ва сомонаҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва терорристӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, шиносоии донишҷӯён бо симои хоинони миллат ҷиҳати худори намудан аз баромадҳо ва суханрониҳои онҳо дар шабакаҳои интернетӣ, равияи салафия, ҳамкориҳои судманд бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҷинояткориҳо, терроризм ва экстремизм хатарҳои он, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, ва дигар мавзӯҳои доғи рӯз мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.