Семинари омӯзиши дар мавзуи «Тиҷорати электронӣ»
Дар доираи ҳамкориҳои судманди садорати факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо Ташкилоти қарзии «Бонки Эсхата» дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади баланд бардоштани донишҳои иқтисодии донишҷӯёни риштаи иқтисодӣ санаи 29.11.2023 семинар баргузор гардид. Дар семинари омӯзишии мазкур декани факултет н.и.и Асоев Баҳодур, намояндаи Бонки Эсхата Абдуллоев Музафар донишҷӯён иштирок намуданд.
Дар семинари мазкур намояндагон дар бораи равандҳои тиҷорати электронӣ ва ташкили он, хизматрасониҳои Бонки Эсхата баромад намуданд.
Дар фарҷом саволу ҷавоб сурат гирифт.