ВОХӮРИИ РЕКТОРИ ДОНИШКАДА БО ДОНИШҶӮЁНИ БАСТИ ЯКУМИ ФАКУЛТЕТИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМИ ВА ЗЕҲНИ СУНЪӢ
Санаи 21.11.2023 ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот аз раванди таҳсили донишҷӯён ва фаъолияти кории кафедраҳои назди факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъӣ боздид ба амал оварда бо донишҷӯён вохӯрии судманд анҷом доданд.
Дар вохӯрии мазкур масъалаҳои зерин: дар замири ҷавонон бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ хештаншиносӣ, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, иштирок дар озмунҳои донишкадавии Донишҷӯи сол, Донишҷӯи навовар ва ихтироъкор, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаҳои инноватсионӣ, мунтазам ҷалб намудани донишҷӯён ба китобхонӣ, худорӣ аз сомонаҳои экстремистӣ - террористии манъшуда, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо ва омодагиҳои саривақтӣ дар дарсҳо, риояи дастурамали сару либоси тавсиявӣ, эҳтирому якдигарфаҳми байни ҳамкасбон, иштироки фаъолона дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ, таҳия ва пешниҳод намудани мақолаҳо дар корференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ зери роҳбарии устодон, бароҳ мондани омӯзиши асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истифода намудан аз имконияту шароитҳои фароҳамовардашуда дар Парки технологӣ, иҷрои камбудиҳои ҷойдошта барасӣ гардиданд.
Дар фарҷоми вохӯри саволу ҷавоб сурат гирифт.