ШОҲИЁН АЛМОСШО НАБОТ: ДАР СИЁСАТИ ПЕШВОИ МАҲБУБИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН УСТУВОРАМ ВА БАРОИ РУШДИ ВАТАНИ АЗИЗАМ ХИЗМАТ МЕКУНАМ
Санаи 13 ноябри соли 2023 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, мудирони шуъбаву бахшҳои дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, сардорони раёсатҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, роҳбарони муассисаҳои таълимию тиббии шаҳр, имомхатибон, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Нахуст раиси шаҳри Кӯлоб Назарзода Бахтиёр Худоёр рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин шинос кард.
Тибқи тартиби ҷаласа роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр Наргис Қурбонзода оид ба иҷрои супоришҳои протоколии роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва дигар сохторҳо ҳисобот пешниҳод кард.
Баъдан раиси шаҳри Кӯлоб оид ба иҷрои дастуру супоришҳо аз ҳар як масъулин пурсиш намуда, таъкид намуд, ки дар иҷрои вазифаҳои ба зиммадошта масъулиятшинос бошем, дар иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид корбариро ҷоннок намуда, чорабиниҳои дар пешистодаро бо ҳисси баланди ватандӯстӣ баргузор намоем.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оид ба сафари ҳайати кории шаҳри Кӯлоб ба вилояти Қунияи Ҷумҳурии Туркия , раиси шаҳри Кӯлоб ёдовар гардида таъкид доштанд, ки дар доираи сиёсати муваффақонаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Ҷумҳурии Туркия ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон густариш меёбанд. Дар ин росто бояд қайд намоям, ки шаҳри бостонии Кӯлоб бо шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия бародаршаҳр буда, то инҷониб миёни ин шаҳрҳо Созишномаҳо оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ-илмӣ-техникӣ ва гуманитарию фарҳангӣ ба имзо расонида шудааст.Мавриди зикр аст, ки гуруҳи корӣ аз 26 то 29 дар Намоишгоҳи байналмилалии пойафзол, ки дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, иштирок намуданд, инчунин аз корхонаҳои саноатии ин минтақаҳо боздид ба амал оварданд таъкид доштанд Назарзода Бахтиёр Худоёр раиси шаҳри Кӯлоб.
Дар идома Шоҳиён Алмосшо Набот-ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Абдуллозода Мустафо –директори Минтақаи озодӣ иқтисоди «Кӯлоб» , ки дар Ҷумҳурии Туркия иштирок доштанд вобаста ба натиҷаҳои бадастомада баромад намуданд.Зимни баромад таъкид доштанд, ки натиҷаи сафари гуруҳи корӣ аз Ҷумҳурии Туркия бо дастовардҳои назаррас анҷом ёфт, зеро як қатор созишномаҳо байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Минтақаи озодӣ иқтисоди «Кӯлоб» ва Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб баста шуд, ки дар оянда барои боз ҳам равобити ду шаҳр яъне шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Қунияи Ҷумҳурии Туркия саҳми босазо мегузорад.
Дар фарҷоми ҷаласа як қатор роҳбарони ташкилоту муассисаҳо аз ҷумла Ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ Шоҳиён Алмосшо Набот бо "Сипоснома" -и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию созандагӣ бахшида 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.