ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНДИ ДОНИШКАДАИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА МЕНЕҶМЕНТИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ БО ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ АГРАРИИ ШАҲРИ КУБАНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ
Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарияти Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибкасб аз ҳисоби омӯзгорон ва донишҷӯён тамоми татбирҳоро роҳандозӣ намуда ҳамкориҳоро бо донишгоҳои олии хориҷи кишвар дар сатҳи баланд бароҳ мондааст.
Ректори Донишкада муҳтарам Шоҳиён Алмосшо Набот намояндаи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия доктори илмҳои техникӣ, дотсент Степовой Артем Васильевич қабул намуда дар рафти мулоқот аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия ёдовар ва изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Сипас масъалаҳои таҳсили донишҷӯён дар зинаи бакалавр, магистратура ва докторантура, ташкили онлайн - дарсҳо, курсҳои омӯзиши барои омӯзгорон, таёр намудани мутахассисон дар соҳаи кишоварзӣ, таҳияи китобҳои соҳавӣ, ташкили конференсияҳои муштарак ва дигар масъалаҳои мавриди бараси қарор дода шуд. Масъалаи мазкур аз тарафи ҳар ду ҷониб бо хушнуди қабул гардид.
Баъд аз мулоқот бо ректори Донишкада вохӯрии намояндаи Донишгоҳи давлатии аграрии шаҳри Кубани Федератсияи Россия доктори илмҳои техникӣ, дотсент Степовой Артем Васильевич бо донишҷӯён баргузор гардид. Дар ин вохӯри шароити таҳсил ва имкониятҳои фароҳамовардашудаи Донишгоҳи мазкур тариқи видео ролик намоиш дода шуда саволу ҷавоб бо намояндаи мазкур сурат гирифт.