КОНСТИТУТСИЯ - САНАДИ ТАҚДИРСОЗИ МИЛЛАТ

 11.11.2023, 09:30:30     212


Қабули Конститутсия имкон дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукумрон гардад ва дар ин замина барои рушди иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид фароҳам оварда шавад. 

Эмомалӣ Раҳмон

Таҳти ҳамин унвон «Конститутсия - санади тақдирсози миллат» дар толори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии илмӣ - фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. 

Дар чорабинии мазкур ректори Донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот, муовинони ректор, деканони факултет, мудирони кафедраҳо, сардори шуъбаву марказҳо, омӯзгорону донишҷӯён ВАО - и кишвар иштирок намуданд. 

Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллӣ ҳусни оғоз бахшида шуд. 

Баъд аз садо додани Суруди миллӣ ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот баромад намуда иштирокдорони чорабиниро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик гуфта дар идомаи баромад қайд доштанд, ки «Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдори ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, бавуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боеътимодӣ ҳуқуқи гузошт».

Баъд баромади ректори Донишкада тибқи барнома доктори илмҳои сиёсӣ, профессор, мудири кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Назарзода Пиралӣ Сафар дар мавзуи «Конститутсия, рисолати қонун ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон», Сабурова Илолбӣ саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ дар мавзуи «Конститутсия бахтномаи миллат», Одиназода Дилрабо магистранти курси 2 ихтисоси 1-260102 идораи давлатӣ ва ҳуқуқ дар мавзуи "Ҳуқуқ озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон" баромад намуданд. 

Баъд аз фарҷоми қисмати илмии чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкашӣ ҳозирин гардонида шуд.