ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ - АДАБӢ ДАР МАВЗУИ «САҲМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ТАҲИЯИ КОНСТИТУТСИЯИ КИШВАР»

 11.11.2023, 09:16:46     231


Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола дар саросари кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса бо доир гардидани чорабиниҳои илмиву сиёсӣ ва фарҳангӣ таҷлил карда мешавад. 

Бо ташаббуси садорати факултети муштаракӣ тоҷикӣ россиягӣ ва технологияҳои дурнамои илмиасос чорабинии илмӣ бо иштирок омӯзгорон донишҷӯён доир гардид. 

Чорабиниро муовини декан оид ба таълим Маҳмадалии Ҷурахон оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта сипас ҳозиринро ба барномаи чорабини шинос намуд. 

Дар кори чорабини мудири бахши кор бо занон ва донишҷӯдухтарон Розиқова Элзара, намояндаи раёсати тарбия Тураев Қубод дар ҳошияи қабул ва саҳми Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қабули Конститутсия ва мавқеи он дар ҷомеаи имрӯза ибрози андеша намуданд. 

Тиқи барномаи пешбинишудаи чорабини ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва фанҳои гуманитарӣ Валиева Фарзона дар мавзуи «Конститутсия заминаи ҳуқуқӣ ва роҳнамо барои имрӯзу фардои давлату миллат», Латифзода Шаҳзода донишҷӯи курси якум ихтисоси 1-260102 идораи давлатӣ ва ҳуқуқ дар мавзуи «Конститутсия бахтномаи миллат», Мадалиев Одинаҳмад донишҷӯи курси якум дар мавзуи «Конститутсия  роҳнамо барои фардои давлату миллат»,  маърӯзаҳо намуда дар фарҷом донишҷӯён порҷаҳои шеърӣ қироъат намуданд. 

Чорабини дар сатҳи баланд баргузор гардид.