КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ АМАЛӢ ДАР МАВЗУИ «ҲАМГИРОИИ ИЛМ, ИННОВАТСИЯ ВА ИСТЕҲСОЛОТ ЗАМИНАИ АСОСИИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯИ ДУАЛИИ ТАҲСИЛОТ»

 26.10.2023, 14:43:28     254


Дар доираи амалишавии 20 - солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040 ва 20 солагии таъсисёбии Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб дар толори маркази ҷавонони шаҳри Кӯлоб санаи 25.10.2023 конференсияи илмӣ - амалии байналмилалӣ баргузор гардид.

Дар қисмати ифтитоҳии кори конференсия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Саивализода Салим, намояндагони муассисаҳои олии касбии шаҳри Кӯлоб, олимону донишмандон, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд. Дар баробари ин олимони хориҷи кишвар (аз Федератсияи Россия, Узбекистон,) тариқи маҷозӣ иштирок намуданд.

Кори конференсияро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот номзади илмҳои таърих Исоев Собир оғоз бахшида дар ҳошияи кори конференсия суханрони намуда ҳозиринро ба барномаи конференсия шинос намуда тибқи нақша доктори илмҳои химия, профессор Сафаров Сайфуддин Шаҳобудинович дар мавзуи "Получение метил -3,5-ДИ-О-бенозил-2-О-бенозил- a-L- талофуранозида", Муҳиддинов Зайниддин Камарович доктори илмҳои химия, профессори Институти химияи ба номи В. И. Никитини назди АМИТ "Дарёфти усулҳои самарабахши коркарди гиёҳҳои шифобахш ва меваю сабзавот дар минтақаи Кӯлоби Ҷумҳурии Тоҷикистон", Исоев Собир Қурбоналиевич номзади илмҳои таърих дар мавзуи "Хусусиятҳои системаи дуалии таҳсилот ҳангоми омода намудани мутахассисон дар зинаи бакалавр", Васюкова Анна Тимофеевна доктори илмҳои техникӣ, профессор "Татбиқи равандҳои инноватсионӣ барои мутобиқсозии кадрҳои баландихтисос", маърузаҳо намуданд.

Дар идомаи кори конференсия олимони хориҷи кишвар тариқи маҷозӣ иштирок ва маърӯзаҳо намуданд.

Гуфтан ба маврид ҳаст, ки кори конференсия дар чор бахш бо иштироки омӯзгорону устодон ва донишҷӯён идома меёбад.