МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «ЗИНДАГОНӢ ВА ҚАҲРАМОНӢ» БАХШИДА БА БУЗУРГДОШТИ 144 СОЛАГИИ УСТОД САДРИДДИН АЙНӢ

 16.05.2022, 15:35:54     295


Тибқи нақшаи чорабиниҳои Донишкада санаи 15.04.2022 дар китобхонаи илмӣ Донишкада мизи мудаввар дар мавзӯи «Зиндагонӣ ва қаҳрамонӣ» бо иштироки омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор гардид.

Мизи мудавварро сардори шуъбаи тарбия Шарипов Р.М. оғоз бахшида дар суханронии хеш аз хизматҳои шоён ва эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ ёдовар шуда дар фарҷоми суханронии хеш ба кори мизи мудаввар барору комёбӣ таманно намуданд.

Сипас маърӯзаҳо дар мавзуҳои зерин шунида шуданд:

  • Маърӯза дар мавзӯи "Нақши устод Садриддин Айнӣ дар рушду нумуи забони тоҷикӣ" - саромӯзгори кафедраи забонҳо Одинаев Барот;
  • Маърӯза дар мавзӯи "Ҳаёт ва фаъолияти устод Садриддин Айнӣ" донишҷӯи курси 3 ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ Сафаров Рамазон;
  • Маърӯза дар мавзӯи "Мероси адабии Садриддин Айнӣ" донишҷӯи курси 2 ихтисоси сайёҳат ва меҳмондорӣ Саидова Хушнуда;
  • Қироъати порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти устод Садриддин Айнӣ;
  • Викторина саволу ҷавоб ва қадрдонии ғолибон.