СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТӢ

 10.04.2021, 08:37:21     793


Санаи 09.04.2021 дар Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб семинари илмӣ-таҳқиқотӣ доир гардид. Тибқи нақшаи семинарҳои Донишкада Шарифов Соатулло Қосимович, сармутахассис-коршиноси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот" даъват шуда, дар мавзӯи "Ихтироъ: мафҳум, моҳият ва ҳифзи ҳуқуқии он" маърӯза намуд. Дар семинари номбурда магистрантон, докторантони PhD, омӯзгорон ва мудирони кафедраҳо фаъолона иштирок карданд.