Футболи хурд дар Донишкада

 10.03.2021, 12:37:11     616


Дар байни факултетҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаҳои 8 - 13 феврали соли 2021 «Футболи хурд» ташкил ва баргузор карда шуд.

Дар натиҷаи сабқатҳо дастаи «Факултаи муҳандисӣ-технологӣ» ҷойи 1-ум, дастаи «Факултаи муҳандисӣ-энергетикӣ» ҷойи 2-юм ва дастаи «Факултаи иқтисодиёт ва технологияҳои иттилоотӣ» ҷойи 3-юмро соҳиб гардиданд. Ғолибон дар рӯзи таҷлили ҷашн бо ифтихорнома ва Ҷоми мусобиқа мукофотонида шуданд. Аксҳо аз рафти ҷамъбаст.