ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ – ФАРҲАНГӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 32 – СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ XVI – ШӮРОИ ОЛИИ ТАҚДИРСОЗ

 14.11.2024, 11:00:00     124


    Санаи 13 ноябри соли равон тибқи нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамбастаги бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Технолог” – и Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб чорабинии сиёсӣ - фарҳангӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур узви раёсат ва Кумитаи иҷроия муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олӣ, директори телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, Ситора Одинаева – сармуҳарири газетаи “Ҳақиқати Қӯлоб”, Бахтиёр Раҳмонов – профессори фахрии Донишкада иштирок намуданд.

Меҳмонон саравал аз фаъолияти парки технологӣ дидан намуда вориди толор гаридданд, дар толори донишкада бо садо додани Суруди миллӣ чорабинии сиёсӣ – фарҳангӣ ҳусни оғоз бахшида шуд.

Сараввал ректори донишкада доктори илмҳои техникӣ, дотсент Шоҳиён Алмосшо Набот оғоз бахшида ҳозиринро ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олии тақдирсоз табрик гуфта дар ҳошияи корнамоиҳои Пешвои миллат ва дастовардҳои он дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдовар гариданд.

Инчунин зимни баромади баромадкунандагон муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб Салим Сайвализода, Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб, корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирокчии Иҷлосияи XVI – Шӯрои Олӣ, директори телевизиони Кӯлоб Бозорзода Сафаралӣ, Бахтиёр Раҳмонов – профессори фахрии донишкада зикр гардид, ки Пўшида нест, ки дар оѓози солҳои 90 – уми асри ХХ дар харитаи сиёсии ҷаҳон таѓйротҳои сифатан кулли арзи ҳастӣ кард. Бунёди давлати абарқудрати Шўравӣ ба дасти ҳизбиёни яккатозаш аз дохил фурў рехт. Натиҷа ҳамин буд, ки собиқ ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардиданду озодии мустақилонаи худро ба даст оварданд.

хакназар

 

Дар ин раванди давлатсозӣ мардумони хушзеҳну зудбовари моро душманони дохиливу хориҷӣ ба ҷангу низоъҳои нобихрадонаи таҳмилии ҳамватанӣ кашиданд. Дар саросари кишвари мо буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва мафкуравиву мазҳабӣ доман паҳн кард. Тоҷикистон кишвареро мемонд, ки дар гирдоби бетаги уқёнус ба маҳву нобуди гирифтор шуда, сарнишинони он дар талвосаи ҷонканӣ қарор доштаанд.

Баъд аз пош хўрдани бузургтарин давлати дунё – Иттиҳоди Шуравӣ дар харитаи олам номи як теъдод давлатҳои мустақил сабт гардиданд, ки дар силки тозаистиқлолёфтагон Тоҷикистон низ қарор дошт. Вале истиқлоли тоза бадастовардаи ҳамватанони кишвари мо бо як қатор сабабҳои объектививу субъективӣ саҳлу содда ва орому осуда насибамон нагардид.

Муқимнишинони мамлакат дилшикаставу парешон гардида, аз хонаҳои хеш намебаромадагӣ шуданд. Кўчаҳои шаҳр холиву дарвозаи мактабҳои миёнаву олӣ баставу тадрису таълим қатъ гардида, корхонаҳову муассисаҳо аз кор монданд. Хуллас, мамлакат мавзеи ваҳму ҳарос гардида, бошандагон саргурез мешуданд. Аз дару девори мамлакат бўи хун меомаду, ҷуѓзи ҷанг дар гушаи кунгураҳои нимвайрона бало металабид. Ҳазорон инсонҳо ҷойҳои муқимнишинии хешро ба саргурезона табдил менамуданд.

Дар чунин шароити вазнин ва воқеан тақдирсоз фарзандони огоҳи миллат ва қувваҳои солими ҷомеа ба хотири наҷоти давлат ва миллат муттаҳид шуда тамоми саъю талоши худро барои аз гирдоби ҷанги бародаркўшӣ таҳмилӣ раҳоӣ бахшидани мардум сафарбар намуданд. Ҳамин тавр Иҷлосияи тақдирсози шонздаҳуми Шўрои Олӣ моҳи ноябри 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар мавзеи таърихии он Қасри Арбоб баргузор гардид. Дар ин иҷлосияи тақдирсоз Офаридгор ба бахти мардуми кишвар фарзанди содиқу вафодор, матин ва далеру номбардор – Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Вале дар лаҳзаҳои нахустини сарвари кишвар гардидан Парчами ватанро бўсиданд. Ин сарвари ҷавони меҳрофар ба дилу ҷавони мамлакат ҷо гирифта муддатҳои тулонӣ дар боги ҳукумат зиндагиву корро ихтиёр карда, шабонарўзи зиндагии шахсияшро барои ором намудани вазъи ҷомеа сарф мекард. Сарвари навинтихоби Тоҷикистон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳи сартосарӣ, баргардонидани муҳоҷирин ба Ватан, ҳифзи истиқлолияти миллӣ ва шурўи музокирот бо мухолифони собиқ равона намуд. Сарвари олинишони давлатамон барои аз вартаи нестшавӣ баровардани Тоҷикистон, ба даст овардани ягонагии маънавӣ ва сиёсати кишвар, эҷоди ҳусни тафоҳўми гурўҳ ва қишрҳои ҷомеа бо садоқату ҷонфишонӣ мубориза бурданд. Бо шарофати ҷуръату матонати беандоза, масъулияти баланди ватандорӣ ва талошҳои пайгиронаи Сарвари дурандешу тавоноямон имконпазир гардид, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар мўҳлати кўтоҳ суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Дар марҳилаҳои бисёр мураккаб бо иродаи қаввии шикастнопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аркони давлати ҷавонамон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа Артиши миллӣ барқарор гардида, барои хизмат кардан ба манфиати мардум ва давлати соҳибистиқлоламон равона гардид. Рамзҳои давлатии соҳибистиқлоламон Парчам ва Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва Конститутсия қабул гардид.

Тоҷикистони биҳиштосо бо сиёсати хирадмандонаву дурандешона ва заҳматҳои шабонарӯзӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила дар тўли роҳбари давлат будан ба дастовардҳо ва мувафақиятҳои назаррас ноил гардид, ки ба рушду инкишофи кишвар замина гузоштанд.

Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, пос доштани хидматҳои таърихии ин абармарди дунёи сиёсат ва фарзанди шоистаи давру замон, пайравӣ аз сиёсати бунёдкоронаву хирадмандона ва фарҳангсолоронаву инсонгароёнаи ин Пешвои асри XXI кафолати пойдории Истиқлолияти давлатӣ, сулҳу ваҳдати сартосарӣ, ҳифзи асолати миллӣ ва ояндаи боз ҳам дурахшони мост.

Дар идомаи чорабини як қатор фаъолони ҳизб бо сипоснома ва хоҳишмандон ба сафи ҳизб пайваста дар вазъияти тантанавӣ билетҳои ҳизбӣ супорида шуд.

466968151_1088280322974363_304348976488604127_nсаидзода

Инчунин ёдовар бояд, шавем, ки дар доираи таҷлил аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи фаннӣ аз фанҳои математика, химия, биология, физика дар байни донишҷӯён доир карда шуд, ки ғолибон дар ин рӯз бо ифтихорнома ва медалҳои ҷойҳои ифтихорӣ қадрдонӣ карда шуданд.

духст