КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ, ЭКОЛОГӢ ВА НЕРӮИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ САНОАТИ КИШВАРҲО»

 28.10.2024, 10:30:50     116


Санаи 25 октябри соли равон дар ҳошияи амалии эълон гардидани солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20 солаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, риёзӣ ва дақиқ барои солҳои 2020-2040 дар донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКӢ, ЭКОЛОГӢ ВА НЕРӮИ ЗЕҲНӢ ДАР ТАШАККУЛ ВА ПЕШРАФТИ СОҲАҲОИ ГУНОГУНИ САНОАТИ КИШВАРҲО» баргузор гардид. Дар кори конференсия олимону донишмандон иштирок намуданд.

Инчунин олимону донишмандон аз муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон тариқи онлайн иштирок намуданд.

Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳи дастовардҳои кафедраҳои Донишкада дидан намуда сипас вориди толор гардиданд.

Бо арҷгузори ба муқаддасоти миллӣ суруди миллӣ садо дода кори конференсия оғоз бахшида шуд.

Барномаро муовини ректор оид ба илм ва татбиқот н.и.т. Исоев Собир пешбари намуда баромадкунандагонро муаррифи намуд.

Тибқи барнома муовини аввали ректор оид ба таълим ва идораи сифати таҳсилот н.и.т., дотсент Қурбонзода Бобохон баромад намуда мақсаду моҳияти конференсияро ба ҳозирин баён намуда дар ҳошияи конференсияи мазкур андешарони намуд.

Сипас дар қисмати ифтитоҳии конференсия чунин маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.

  1. Маърӯзаи илмӣ: Хӯлаҳои руҳ-алюминий бо металлҳои нодир - доктор химических наук, профессор ОБИДОВ ЗИЁДУЛЛО РАҲМАТОВИЧ;
  2. Маърӯзаи илмӣ: Иқтисодиёти сабзи тоҷикистон: роҳҳои ташаккулёбӣ ва дурнамои рушд-доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор ИСАЙНОВ ҲИСАЙН РАҲИМОВИЧ;

3.Маърӯзаи илмӣ: Коркарди усулҳои самарабахши гиёҳҳои шифобахш ва меваю сабзавот дар минтақаи Кулоби Ҷумҳурии Тоҷикистон – доктори илмҳои химия, профессор САФАРОВ САЙФИДДИН;

4.Маърӯзаи илмӣ: Зеҳни сунъӣ барои тавлиди маҷмӯи додаҳои беназир  - доктор PhD, доцент ҲАМИДОВА ДИЛОРОМ;

Инчунин дар идомаи кори конференсия олимон донишмандони аз муассисаҳои олии касбии Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон  тариқи маҷозӣ (онлайн) пайваст шуда маърузаҳои илмӣ намуданд.

Аз ҷумла:

  1. Битус Евгений Иванович — доктори илмњои техникӣ, профессори кафедраи механикаи амалӣ ва муҳандисии системахои техникии донишгоҳи биотехнологии Россия, коршиноси байналмилалии оид ба масъалањои Иттиҳоди Аврупо. - Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, СҲШ ва Иттиҳоди Аврупо, профессори фахрии ИТИМК;
  2. Мешков Илья Александрович — мутахассиси пешбари шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии аграрии Кубан ба номи И.Т.Трибулин;
  3. Глухова Екатерина Алексеевна — ҷонишини директор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии техникии Уляновск;
  4. Лобейко Юрий Александрович — доктори илмхои педагогй, профессор, академики Академияи байналмиллаии фанҳо;
  5. Максимов Игорь Владимирович — номзади илмҳои кишоварзӣ — кафедраи технологияи нигоҳдошт ва коркарди махсулоти кишоварзии Донишгоњи давлатии ба номи император Пётри I;
  6. Мирзоева Шоҳиста Мирзоевна – доктори илмҳои техникӣ, PhD, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Ҷумҳурии Узбекистон;
  7. Қурбонов Нуралӣ Ҳайдарович — мушовири ректори Донишгоҳи давлатии иктишофии Москва, шаҳри Москва.

Зимни баромади баромадкунандагон гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба марҳалаи нави рушди инноватсионию технологӣ бо қадамҳои устувор ворид гардида, дар ин радиф аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд.

Қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ, аз қабили «Стратегияи саноаткунонии босуръати кишвар», эълон шудани солҳои 2022-2026-Солҳои рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030, то соли 2037 ба кишвари сабз табдил ёфтани Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалишавии пешниҳодҳои байналмилалии АСВМ ПМ ПҶТ дар масъалаи обу иқлим, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ба манфиати башарият аз муҳимтарин санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулгардида маҳсуб меёбанд. Ба таври самаранок амалӣ намудани Барномаву Стратегияҳои мазкур омода намудани мутахассисони рақобатпазири замони нав, соҳиби донишҳои нав ва бархурдор аз техникаву технологияи навинро тақозо менамояд. Мусаллам аст, ки барои омодасозии мутахассисони донандаи технологияҳои баланд, азбар намудани илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ яке аз паҳлуҳои асосии масъала ба шумор меравад. Бо дарназардошти муҳимияти масъала дар Ҷумҳурии Тоқикистон Барномаи 20 солаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  дар соҳаи илм ва маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2040 қабул гардида, зина ба зина амалӣ мегардад.

Бо мақсади ба таври фаъол ва самарабахш ба роҳ мондани раванди мазкур, ноил гардидан ба ҳадафҳои ниҳоии Барномаву стратегияҳои қабулгардида, бунёди платформаи кушоди табодули натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимону муҳаққиқон ва коршиносони соҳа чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар басо зарур аст, зеро паҳлуҳои гуногуни таҳқиқотҳои илмии масъалаи мазкур мавриди муколамаи фаъоли илмӣ қарор гирифта, пешниҳоду хулосаҳои судманд ошкор  мегарданд.

Истифодаи нерӯи ақсонӣ ва зеҳнии муҳаққиқони ҷавон ва олимони варзидаи соҳа ба рушди бемайлони соҳаҳои саноати кишвар мусоидати комил менамояд.

Ҳадафи баргузории конференсияи имрӯза, ки дар он олимону, аспирантон, муҳаққиқону пажуҳишгарон чӣ аз дохил ва чӣ аз хориҷи кишвар иштирок менамоянд, пеш аз ҳама ба таҳлил, ҳолат ва дурнамои соҳаҳои саноати кишвар бахшида шуда, маводҳои он дар шакли маводҳои конференсия ҷамъовари гардида барои ҳамчун маводи таълимӣ-методӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотии унвонҷӯён ва докторантон мавриди истифода қарор меёбад.

канф2

кан3

кан4