ХОНИШИ СИЁСӢ: ПЕШГИРИИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН АЗ ТАШКИЛОТҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ

 22.10.2024, 15:02:55     108


Дар асоси нақшаи - чорабиниҳои Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб оид ба соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025, лоиҳаи илмӣ - таҳқиқотӣ: «Таҳқиқи хусусиятҳои сотсиологӣ ва таърихии муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар шароити имрӯза»  хониши сиёсӣ дар байни донишҷӯёни факултети иқтисодиётӣ рақамӣ ва зеҳни сунъӣ санаи 18.10.2024 баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ сардори раёсати тарбия Шарипов Рустам, сардори шуъбаи махсус, таъминоти ҳуқуқӣ ва муқовимат бо коррупсия ва бегонапарастӣ Гулов Ҳасан, нозири ин шуъбаи махсус Шарипова Розия, муовини декан оид ба тарбия Алиева Тахмина, омӯзгор Ивазов Муҳамадҳошим иштирок  ва суханрони намуданд.

Дар хониши сиёсӣ мавзуҳои зерин: Ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар, одобу ахлоқ, вазъи сиёсии ҷаҳон, дуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоӣ, шиносоии донишҷӯён бо рӯйхат ва сомонаҳои ташкилотҳои экстремистӣ ва терорристӣ, ки фаъолияташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст, шиносоии донишҷӯён бо симои хоинони миллат ҷиҳати худори намудан аз баромадҳо ва суханрониҳои онҳо дар шабакаҳои интернетӣ, равияи салафия, ҳамкориҳои судманд бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати пешгирии ҷинояткориҳо, терроризм ва экстремизм хатарҳои он, пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ, ва дигар мавзӯҳои доғи рӯз мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

аааааааа

ооо