ҲАМОИШИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗУИ «ЭМОМАЛӢ РАҲМОН: САЙЁҲӢ ВА РУШДИ ОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ»

 27.09.2024, 10:50:27     117


Бо мақсади таҷлил аз ҷашни пуршукӯҳи миллат 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи нақшаи тақвимии лоиҳаи илмӣ-фармоишӣ дар мавзуи «Таҳқиқи проблемаҳо ва захираҳои соҳаи сайёҳӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби омӯзгорони кафедраи иқтисод ва идораи Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб таҳия гардидааст, дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи 6 сентябр дар қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи "Эмомалӣ Раҳмон: Сайёҳӣ ва рушди он дар даврони соҳибистиқлолӣ" бо доираи васеъи роҳбарон, коршиносон ва мутахассисону донишҷӯёни курсҳои якум ва дуюми риштаи сайёҳии  Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш муовини раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамидиён Орзу меҳмононро аз номи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хосатан раиси шаҳр муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр хайрамақдам намуда, изҳор дошт, ки роҳандозӣ намудани чунин ҳамошишҳои сатҳи баланд ва дар доираи таҷлил аз ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати кор мебошад

Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ ва ташаббусҳои шоиставу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб дар як муддати кӯтоҳ симои худро дигар намуда, макони сайру гашти сайёҳони дохиливу хориҷӣ гаштааст.

Ҳамзамон аз таъриху фарҳанги шаҳри Кӯлоб ёдовар шуда, таъкид карда шуд, ки шаҳри Кӯлоб сеюмин шаҳри калонтарини Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Дар шаҳри Кӯлоб барои сайругашти сайёҳон маконҳои ҷолиб зиюданд, ки маъруфтаринашон Муҷтамааи 2700 солагии Кӯлоб, Осорхонаи таърихии Кӯлоб, Осорхонаи шоири халқии Тоҷикистон Сайдалӣ Вализода, Осорхонаи шоири халқии Тоҷикистон Ашур Сафар, Гулгашти қаҳрамонон, майдонҳои Парчами миллӣ ва Нишони давлатӣ, муҷассамаи "Дуои модар" муҷассамаи "Оила" муҷассамаи "Шаҳидони ҷанги дуюми ҷаҳон" ва боғу гулгаштҳои фарҳангиву фароғатӣ ва монанди инҳо қомат афрохтаанд, ки дар дили ҳар як сайёҳи дохиливу хориҷӣ ҷой гирифтаанд.

Дар идомаи ҳамошиши мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холматиён Рустам изҳор намуд, ки аз таваҷҷӯҳи хосаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ташкил намудани чунин як ҳамоиши сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намудан, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш пеш аз ҳама омӯзиши дастовардҳои истиқлолият, ҳифзу гиромидоштани онҳо ва нақши ҷавонон дар рушди кишвар дар замони пуртазоди ҷомеаи муосир мебошад.

Зимнан иттилоъ доданд, ки намояндагони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ин ҳамоиш иштирок доранд, пеш аз ҳама аз ҷойҳои таърихии шаҳри Кӯлоб шинос шуда, ба худ таассуроти хуб гирифтанд. Воқеан, шаҳри Кӯлоб дар даврони истиқлолият симои худро дигар намудааст, ки аз худи даромадгоҳи шаҳр бо қомат афрохтани дарвозаи боҳашамат ва муҷассамаи "Дуои модар" мебошад ва касро ба ватану ватандорӣ ҳидоят менамояд.

Инчунин, дар идомаи ҳамоиш дигар баромадкунандагон роҷеъ ба дастовардҳои замони истиқлолият ва ташаббусҳои наҷибонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар ин росто аз ҷавонон даъват карда шуд, ки мо бояд ба қадру манзалати истиқлолият бирасем ва чун модар эҳтиром намоем, зеро истиқлолият ҳамин хел ба осонӣ ба даст наомадааст. Ин ҳама аз хиради азалии Пешвои фарҳангсолор, раъиятпарвар ва сулҳовар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Дар интиҳои ҳамоиш бахшида ба ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони ташкилоту муассисаҳо ва ҷавонони фаъол, аз он ҷумла Асоев Б.Х. – н.и.и. декани факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо Сипосномаҳои Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳисайнов Н.А. – ҷонишини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёти рақамӣ ва зеҳни сунъии Донишкадаи технолония ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб сарфароз гардидаанд.

89898

89899

98989898