ВОХУРИҲОИ СУДМАНД!

 10.03.2021, 08:55:09     519


Дар таърихи рӯзи 12 феврали соли 2021 вохурии гурӯҳи кории кормандони Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб бо хатмкунандагони муассиаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Муъминобод доир гардид. Дар ҷараёни вохурӣ Ҳабибулло Нозимов - Сардори шуъбаи робитаҳои хориҷии ДТМИК суханрони намуда, афзалиятҳои интихоби Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлобро аз ҷониби довталабон шарҳу маънидод намуд. Мавсуф қайд намуданд, ки Донишкада дар тули фаъолияти кориаш дастовардҳои зиёдеро ба даст оварда, ҳамкориҳои судмандро бо дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дохил ва хориҷи кишвар ба роҳ монда, шароити таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва тарбиявию фароғатиро пурра таъмин намудааст. Шартномаи таҳсили донишҷӯён дар муқоисаи дигар муассисаҳо паст буда, имкониятҳои таҳсил фарохтар мебошад.