TEMPUS and ERASMUS projects

 19.02.2018, 15:04:22     136


Лоиҳаҳои ТЕМПУС ва ЭРАСМУС+

Барои ҷалб намудани инвесторҳои хориҷӣ ва дарёфти грантҳо ДТМИК ба як қатор дастовардҳое ноил гашт, ки ба ин мисол шуда метавонад лоиҳаи Аврупоии TEMPUS.  Лоиҳаи якуми барномаи TEMPUS  ҷорӣ намудани  раванди Болониявӣ дар Тоҷикистон тавассути дигаргунсозии фаъолияти шӯъбаҳои байналмилаллалӣ, ки барномаи мазкур барои омӯзгорони ДТМИК имконият фароҳам овард, то ба давлатҳои хориҷа сафарҳои хизматӣ анҷом диҳанд, масалан ба донгишгоҳҳои Италия,  Германия, Россия, Қазоқистон, Узбекистон ва Литва  сафар карда табодули таҷриба кардаанд.

Лоиҳаи дуюми  TEMPUS, PERSEUS - пайванди илм ба истеҳсолот ва дар донишгоҳҳо кушодани марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.  Аллакай ба маблаѓи 30 000 сомонӣ бо маблаѓгузории ин лоиҳа таҷҳизот харидори шуда дар филиал маркази илмӣ-тадқиқотӣ кушода шудааст.

Лоиҳаи сеюми TEMPUS ин CIBELES - бехатарии саноатӣ мебошад.  Даври якуми ин барнома дар шаҳри Олденбурги Олмон шуда гузашт ва даври дуюм ва сеюми он дар Ҷумҳурии Узбекистон  ва Ҷумҳурии Литва дар охири моҳи апрели ҳамин сол мегузарад.   Маблаѓии умумии ин лоиҳаҳо зиёда аз 100 000 сомониро ташкил медиҳад.   Боз барои дарёфти грантҳо раёсати донишкада кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки дар доираи ин барномаҳо дар донишкада лабораторияи замонавӣ бо тамоми технологияҳои навтарини замонавӣ муҷаҳҳаз гардонад.

Барномаи Эрасмус Мундус MARCOXXI дар Донишкада пурра амалӣ гашт, ки донишҷӯён ва омӯзгорон дар донишгоҳҳои Аврупо таҳсилу татқиқотҳои илмӣ бурданд. 

 

р/т

Ному насаби донишҷӯён ва омӯзгорон

Гурӯҳ

Ихтисос

Ба кадом гурӯҳ

супоридаанд

Донишгоҳи қабулкунанда

(АВРУПО)

1.

Фурқати Сикандарӣ

1-400101

Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ

Бакалавр

2012-2013

Донишгоҳи технологияи химиявӣ ва металлургии Болгария

2.

Азизаи Солибой

1-400101

Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ

Бакалавр

2012-2013

Донишгоҳи Упсалаи Шветсия

3.

Ҷӯраева Зебо

1-400101

Таъминоти барномавии технологияҳои иттилоотӣ

Бакалавр

2012-2013

Донишгоҳи байналмиллалии Қонун ва тиҷорти Литва

4.

Носиров Қодирҷон       

311200

Технологияи маводи хӯрока

Магистр

2012-2014

Донишгоҳи технологияи химиявӣ ва металлургии Болгария

5.

Ҳафизов Алишер

 

Омӯзгори ДТМИК

Магистр

2013-2015

Донишгоҳи технологияи химиявӣ ва металлургии Болгария

6.

Сафаров Сафарали

 

Омӯзгори ДТМИК

Магистр

2014-2015

Донишгоҳи Болонияи Италия

7.

Гулаҳмадов Шамсиддин

 

Омӯзгори ДТМИК

 

Ph.D.

2013-2015

Донишгоҳи Масарики Ҷумҳурии Чехия

8.

Шоев А. Н.

 

Омӯзгори ДТМИК

Стафф

1 моҳ

Донишгоҳи Масарики Ҷумҳурии Чехия

9.

Нозимов Ҳ. А.

 

Омӯзгори ДТМИК

Стафф

1 моҳ

Донишгоҳи Масарики Ҷумҳурии Чехия